Зиёд шудани муроҷиати шаҳрвандон аз эътимоди онҳо ба мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон гувоҳӣ медиҳад

Январь 22, 2018 15:30

ДУШАНБЕ, 22.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Соли сипаригардида дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиати шаҳрвандон нисбатан зиёд гардид. Ин нуктаро имрӯз, 22 январ  Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иброз дошт. Ба ақидаи мавсуф, бештари муроҷиатҳо ба қабулгоҳҳо ва намояндагиҳои мақомот, ки дар минтақаҳо фаъолият доранд, ворид гардидаанд, ки аксари онҳо хусусияти иқтисодию иҷтимоӣ дошта, асосан ба масъалаҳои ҳуқуқи инсон, рӯёнидани алимент ва баромадан ба нафақа равона гардидаанд.

Зикр шуд, ки соли 2017 дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон (ВҲИ) 3 ҳазору 864 адад муроҷиат ба қайд гирифта шудаанд, ки аз онҳо 739 адад хаттӣ ва 3 ҳазору 125 адад шифоҳӣ мебошанд. Аз ин шумора 571 адад муроҷиатҳои хаттию шифоҳӣ ба дастгоҳи марказии мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардида, аз онҳо 60 адад ба таври мусбат ҳал карда шуданд.

«Муроҷиатҳое, ки ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон  ворид гардидаанд, бештар дар самтҳои ҳуқуқ ба муҳокимаи одилонаи судӣ, ҳуқуқ ба манзил, ҳуқуқи инсон ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳуқуқ ба таъминоти иҷтимоӣ (алимент) мебошанд. Зиёд шудани муроҷиати шаҳрвандон гувоҳи эътимоди онҳо ба мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва ҳамкории зичи ду ҷониб мебошад, ки ин ба баланд гардидани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мусоидат мекунад»,-гуфт Зариф Ализода.

Маврид ба зикри хос аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамкории зичи мақомоти давлатӣ бо ҷомеа 23 июли соли 2016  Қонуни ҶТ «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» қабул гардидааст. Он муносибатҳоро вобаста ба тартиби пешниҳод ва баррасии муроҷиатҳои  шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ҷиҳати ҳимояи ҳуқуқу озодиҳо ва манфиати қонунии онҳо ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ташкилотҳо, муассисаҳо, корхонаҳо, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ирсол гардидаанд,  танзим  менамояд.

 

Январь 22, 2018 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд