Ҳаққи роҳкиро дар шабакаи хатсайрҳои шаҳри Душанбе тағйир ёфт
ДУШАНБЕ, 20.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Аз 15 феврали соли 2018 ҳаққи роҳкиро дар шабакаи хатсайрҳои шаҳри Душанбе барои як мусофир тавассути автобус 1,20 (як сомонию бист дирам), троллейбус 1,00 (як сомонӣ), автобусҳои хурдғунҷоиш (микроавтобусҳо) 1,60 (як сомонию шаст дирам), автобусҳои бо реҷаи экспресс фаъолияткунанда 1,50 (як сомонию панҷоҳ дирам), автобус ва троллейбусҳо бо кортҳои кӯтоҳмуҳлати пардохти зудамал (QR-Kod) барои 4 ва 8 сафар мутаносибан бо арзиши 5 (панҷ) ва 10 (даҳ) сомонӣ муқаррар гардид. Дар ин бора қарори Раиси шаҳри Душанбе ба тасвиб расид.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд, дар ҳолати аз ҷониби мусофирон харидани 50 ва зиёда аз он корти сафар тариқи кортҳои пластикии нақлиётӣ дар автобус ва троллейбус барои донишҷӯён 30 фоиз, барои дигарон 15 фоиз тахфиф пешниҳод мешавад.
Ҳаққи роҳкиро дар хатсайрҳои наздишаҳрии шаҳри Душанбе барои як мусофир тавассути нақлиёти мусофирбари ғунҷоишаш хурд ва миёна 2,00 (ду сомонӣ) муқаррар шудааст.
«Ин амал бо мақсади пурра қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти аҳолӣ бо хизматрасонии нақлиётӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои истифодабарандагони хизматрасониҳои нақлиётӣ, ҳамоҳангсозии оқилонаи фаъолияти нақлиёти мусофирбар ва муҳайё намудани шароити якхела барои рақобати озоди субъектони хоҷагидор дар бозори нақлиётӣ, новобаста аз шакли моликият ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба мусофирон роҳандозӣ гардидааст», — афзуд манбаъ.








Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Озмуни ноҳиявии «Кадбонуи беҳтарин» баргузор гардид
«МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ». Дар Душанбе Рӯзи модарро ботантана таҷлил намуданд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Маросими қадршиносии беҳтаринҳо дар соҳаҳои кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе баргузор гардид
МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ. Дар ноҳияи Шоҳмансур ҳамоиши идонаи фарҳангӣ – фароғатӣ доир шуд
УФУҚҲОИ ДӮСТӢ. Муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни Душанбе ва Боку тақвият меёбад
«ЗАН-МОДАР — ПАЙВАНДГАРИ НАСЛҲО». Дар Душанбе ҳамоиши маърифатӣ — фарҳангӣ доир гардид
«БАРОИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТАМ СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНАМ!». Дар Душанбе Фестивали дӯстии афсарону сарбозон доир гардид
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Душанбе таҳти чунин унвон Фестивали гулҳо баргузор мегардад
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мегардад
Дар Душанбе ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукуҳ баргузор гардид
Соли 2025 зиёда аз 1 миллион сайёҳон ба шаҳри Душанбе ворид гардидаанд






