Ҷаҳонпаҳлавони тоҷик Беҳрӯзи Хоҷазода дар мусобиқаи Гранд Слами Германия ширкат дорад

Февраль 23, 2018 09:30

ДУШАНБЕ, 23.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ҷаҳонпаҳлавони тоҷик Беҳрӯзи Хоҷазода дар ҳайати дастаи  мунтахаби Тоҷикистон оид ба дзюдо баҳри иштирок дар мусобиқаи Гранд Слам ба шаҳри Дюсселдорфи Германия  сафар намуд. Мусобиқаи мазкур аз 23 то 25 феврал дар ин шаҳр доир мешавад.

Тавре дар сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии дзюдо омадааст, паҳлавонони тоҷик дар ин мусобиқа дар 4 вазн муҳориба мекунанд: Беҳрӯз Хоҷазода, Асадулло Тоҳиров дар вазни -73 кг, Кароматулло Ҳакимов, Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни -81 кг, Комроншоҳ Устопириён дар вазни -90 кг, Саидҷалол Саидов ва Темур Раҳимов дар вазни -100 килограмм.
Ёдовар мешавем, ки дар мусобиқаи Гранд Слами Дюсселдорф 500 варзишгар аз 71 кишвари дунё иштирок доранд.
 

 

Февраль 23, 2018 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд
ТАҶАЛЛИБАХШИ НИГИНИ ТОҶИ МИЛЛАТ. Андешаҳо дар мавриди арҷгузорӣ ба Зан-Модар