Агентии Корея оид ба ҳамкории байналмилалӣ (KOICA) дар шаҳри Ваҳдат зеристгоҳи барқии 110/10 кВ месозад

Февраль 15, 2018 12:32

ДУШАНБЕ, 15.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни Вазорат, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат ва Агентии Корея оид ба ҳамкории байналмилалӣ (KOICA) маросими баимзорасии Протоколи музокирот оид ба лоиҳаи «Сохтмони шабакаи барқӣ ва беҳдошти сатҳи хизматрасонии соҳаи тандурустии ҷамоати деҳоти Ромит» баргузор гардид.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар маросими мазкур  Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода, раиси  шаҳри Ваҳдат Раҳмоналӣ Амирзода, Сафири Фавқулода ва Мухтори Корея дар Тоҷикистон Ли Вучёл ва Директори минтақавии Агентии Корея оид ба ҳамкории байналмилалӣ (KOICA) Сун-ил  иштирок намуда, баимзорасии лоиҳаро идомаи рушди ҳамкории гуногунҷанба арзёбӣ намуданд.

Зикр шуд, ки ҷамъомади имрӯза бо мақсади дар амал тадбиқ намудани нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз натиҷаи сафари корӣ ба шаҳри Ваҳдат, ки 4 июни соли 2016 ба миён омада буд, роҳандозӣ гардид.

«Миёни Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Корея оид ба ҳамкории байналмилалӣ (KOICA) вобаста ба масъалаи барқтаъминкунии ҷамоати деҳоти Ромит (деҳаҳои Ғускеф, Пичеф, Қоқу, Девдара, Новаки поён, Новаки боло, Пушандоч, Вистан ва Дашти мазор)  ҳамкории судманд ба роҳ монда шудааст», — иброз дошт Усмоналӣ Усмонзода.

Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон илова намуд, ки дар доираи лоиҳаи мазкур Агентии Корея оид ба ҳамкории байналмилалӣ (KOICA) ният дорад барои барқтаъминкунии деҳаҳои мазкур сохтмони як адад зеристгоҳи барқии 110/10 кВ, наздик ба 53 км хати интиқоли барқи 10 кВ, хатҳои интиқоли барқи 0,4 кВ дар ҳамаи деҳаҳо, насби трансформаторҳо, низоми муосири назорату ҳисоби неруи барқ  ва инчунин баланд бардоштани сатҳи  хизматрасонии соҳаи тандурустии ҷамоати деҳоти Ромит ва сохтмони иншооти тандурустиро ба роҳ монад.

Татбиқи лоиҳа, пеш аз ҳама, ба дастрасии пурра пайдо намудани мардуми деҳот ба неруи барқ, хизматрасонии хуби тиббӣ ва паст гардидани ташвишу ногувориҳои зиндагии мардум нигаронида шуда, баҳри рушди иҷтимоии минтақа шароит фароҳам меорад.

Маврид ба зикр аст, ки барои иҷрои лоиҳаи «Сохтмони шабакаи барқӣ ва беҳдошти сатҳи хизматрасонии соҳаи тандурустии ҷамоати деҳоти Ромит»  аз ҷониби Агентии Корея оид ба ҳамкории байналмилалӣ (KOICA) дар ҳаҷми 6 млн. доллари ИМА маблағи грантӣ ба нақша гирифта шудааст.

 

Февраль 15, 2018 12:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд