Aгентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия 1980 ҷинояти коррупсионӣ ва ҷиноятҳои бо андоз алоқамандро ошкор кардааст

Февраль 15, 2018 11:26

ДУШАНБЕ, 15.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Aгентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми соли 2017 ҷиҳати иҷрои Қонун «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия», ки хизмати якҷоя ва таъйини хешовандони наздик ба мансабҳои давлатӣ ё ба онҳо баробаркардашударо манъ намудааст, санҷишҳо гузаронида, 35 ҳолати вайрон намудани талаботи Қонуни мазкурро ошкор кард. Ин нуктаро муовини аввали директори Aгентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Абдукарим Зарифзода зимни нишасти матбуотӣ, ки субҳи имрӯз бо иштироки намояндагони ВАО баргузор гардид, баён дошт. Кормандони Агентӣ ҳамчунин дар якҷоягӣ бо масъулини комиссияҳои танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ҷиҳати таъмини иҷрои Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 284 ҳолати қонуншиканиро ошкор намуданд.

Тавре Абдукарим Зарифзода иттилоъ дод, аз тарафи воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ дар давраи сипаришуда 1980 адад ҷиноятҳои коррупсионӣ, иқтисодии дорои хусусияти коррупсионӣ ва ҷиноятҳои бо андоз алоқаманд ошкор карда шуданд, ки 650 адади он ба гурӯҳи ҷиноятҳои вазнин шомиланд. Аз шумораи умумии ҷиноятҳои ошкоршуда 442 адади он ҷиноятҳои азонихудкунӣ ва исрофкорӣ ба ҳисоб рафта, 112 адад ҷиноятҳои марбут ба тасарруфи маблағҳои калон мебошанд. Илова бар ин, 636 ҷиноятҳои қаллобӣ, 22 ҷинояти саркашӣ аз супоридану пардохти андозҳо, 104 ҷиноят вобаста ба гирифтан ва додани пора, ришвадиҳии тиҷоратӣ ва гирифтани мукофот бо роҳи тамаъҷӯӣ муайян ва ошкор гардиданд.

Зимни нишасти матбуотӣ зикр карда шуд, ки дар вазорату идораҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, марказҳои идораи барномаҳои аз тарафи ташкилотҳои байналхалқии молиявӣ маблағгузоришаванда, субъектҳои хоҷагидории давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ 954 тафтишу санҷишҳои молиявӣ гузаронида шуда, ба маблағи зиёда аз 548 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гардидааст. Инчунин зимни тафтишу санҷишҳои молиявӣ 282,5 млн. сомонӣ, аз ҷумла, ба буҷет 139,7 млн. сомонӣ ва ба корхонаҳо ва муассисаҳо 142,8 млн. сомонӣ барқарор карда шудааст.

Дар нишасти матбуотии Aгентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Содиқ Шоназаров иштирок намуд.

Февраль 15, 2018 11:26

Хабарҳои дигари ин бахш

ФУТБОЛ. Дастаҳои асосӣ ва ҷавонони «Вахш» бо медалҳои нуқра ва биринҷӣ мукофотонида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Тарофаи мобилӣ – мувофиқи талаботи шахсии шумо
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
12 феврал дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии пешгирии экстремизми хушунатомез дар шаҳри Турсунзода ҳамоиш баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии занон ва духтарон дар соҳаи илм конфронси байналмилалӣ доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳои Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар шаҳри Бӯстон трансформатори муосир насб гардид