«ҒАРИБОШНО БОШУ САЙЁҲДӮСТ…». Сайёҳӣ ва аҳамияти саёҳат дар осори пири ҷаҳонгардони олам Саъдии Шерозӣ

Февраль 24, 2018 10:09

ДУШАНБЕ, 24.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Туризм ё худ сайёҳӣ дар дунёи муосир ба як санъати муҳими судовар табдил шудааст. Имрӯзҳо таваҷҷуҳ ба сайёҳӣ ва бунёди зербиноҳои зарурӣ барои ҷалби сайёҳон аз саросари дунё қисми зиёди даромади бархе кишварҳои ҷаҳонро ташкил медиҳад. Бинобар иттилои Созмони ҷаҳонии туризм, мизони даромади кишварҳо аз соҳаи туризм соли 2016 дар маҷмӯъ 1200 млрд доллар будааст. Аз ин миён даромади солонаи Туркия аз туризм 27,7 млрд доллар, Макао 27,8 млрд доллар, Австралия 31,4 млрд, Британия 36,115 млрд, Тайиланд 42,1 млрд, Италия 43,9 млрд, Чин 51,7 млрд, Франсия 56,1 млрд, Испания 60,4 млрд ва Амрико 139,6 млрд долларро ташкил додааст. Ин рақамҳо аз аҳамияти санъати туризм дар тавсиа ва рушди иқтисодии кишварҳои ҷаҳон шаҳодат медиҳанд.

Тоҷикистон низ бо табиати зебо, ҳавои пок, кӯҳҳои осмонбӯс, сангҳои гаронбаҳо, дарёву рӯдхона, чашмаҳои софу зулол, гиёҳҳои шифобахш, меваҳои ширину тоза, манзараҳои афсунгару дилфиреб, дашту дамани сабзу хуррам, мардумони шоду меҳмоннавоз ва фарҳанги бостонӣ давлати бисёр ҷаззоб барои ҷалби сайёҳон аз саросари олам аст. Масъулияти аввалини мо ба унвони шаҳрванд дарки ин воқеияти беназир, шинохт ва қадрдонии ин неъматҳои худодод, бунёди зербиноҳои асосӣ ва зарурӣ барои санъати гардишгарӣ, эҷоди шароити муносиб барои сафар, будубоши сайёҳону меҳмонони хориҷӣ ва табдил додани ин неъматҳо ба сарвати даромадзо ва судовар барои аҳолии мамлакат  мебошад.

                           Боғи ҷаннатмаъоб кишвари мост,

                           Хонаи офтоб кишвари мост.

                           Зодгоҳи паёмбари Зардушт,

                           Хостгоҳи китоб кишвари мост.

Сайёҳӣ ва аҳамияти ҷаҳонгардӣ дар осори Саъдӣ – пири ҷаҳонгардони олам ҷойгоҳи хосса дорад. Зиёда аз ҳаштсад сол пеш Саъдии Шерозӣ сафари тӯлонии худро дар “ақсои олам” шурӯъ кард ва пас аз сӣ соли сайру саёҳат осори мондагоре барои мо ба ёдгор гузошт. Ӯ худ дар ибтидои “Бӯстон” мефармояд:

                        Дар ақсои олам бигаштам басе,

                        Ба сар бурдам айём бо ҳар касе.

                        Таматтӯъ зи ҳар гӯшае ёфтам,

                        Зи ҳар хирмане хӯшае ёфтам.

Дар ҳақиқат аз хирмани бобаракати Саъдии ширинсухан метавон дар ҳар мавзӯи дилхоҳе хӯшаи пурборе пайдо кард, бахусус дар мавзӯи сайёҳӣ ё худ ҷаҳонгардӣ. Аввалин нуктаи ҷолиб дар ин робита вуҷуди вожаҳо ва ё истилоҳоти марбут ба санъати сайёҳӣ дар осори Саъдӣ аст. Дар “Бӯстон”-у “Гулистон” мо ба роҳатӣ бо вожаҳое, монанди сайёҳ, ҷаҳонгард, ҷаҳондида, ҳушманд, ҳақоиқшинос, ҷаҳонгашта, донишандӯхта, сафаркарда, суҳбатомӯхта, офоқ ва ақсои олам бармехӯрем, ки далолат бар таваҷҷуҳи Саъдӣ ба ин мавзӯи муҳим доранд. Саъдӣ дар осори худ ҳар ҷо, ки хоста касеро ба некӣ тавсиф кунад, аз ӯ ба унвони ҷаҳондида, сарду гарм чашида, ҳушманд ва ғайра ном мебарад:

                            Ҳақоиқшиноси ҷаҳондидае,

                        Ҳунарманди офоқгардидае.

Аз нигоҳи Саъдӣ мардуми сайёҳу ҷаҳонгард афроди огоҳу бедордил ва муштоқи илму ҳикмат буда, бо ҷаҳонбинии фарохе, ки доранд, барои бани башар хидмат мекунанд. Албатта, сафар кардан дар он замон барои мардони ҷаҳонгард хатарҳои фаровоне дар пай дошт ва ҳар кас тавон ва ҷуръати қабули ранҷи сафарро надошт. Аз ин рӯ, Саъдӣ барои мусофирону ғарибон эҳтироми баланде қоил аст ва дар саросари осораш подшоҳон ва дигар табақоти ҷомеаро баҳри гиромидошти ҷаҳонгардон ташвиқ кардааст:

                         Зи дарёи Аммон баромад касе,

                         Сафар карда ҳомуну дарё басе.

                         Араб дидаву турку тоҷику Рум,

                         Зи ҳар ҷинс дар нафси покаш улум.

                         Ҷаҳонгаштаву донишандӯхта,

                         Сафаркардаву суҳбатомӯхта.

Аз аҷоиботи рӯзгор ин аст, ки бо вуҷуди ин ки дар асрҳои миёна мафҳуми тиҷорат ва мусофирату туризм равнақи чандоне надошт, аммо Саъдии ширинсухан бо пазируфтани тамоми сахтиҳо ва хатарҳои бархоста аз сафар дар тӯли ҷаҳонгардии беш аз сисолаи хеш, мушоҳидот ва таҷрибаҳои нодире касб карда ва барои ворисони худ ба ёдгор гузоштааст. Гузашта аз ин, бо вуҷуди дар он замон набудани санъати сайёҳӣ ва созмонҳои сайёҳӣ, Саъдӣ дар ин бора чунон қисса мекунад, ки гӯё ҳамасри мо бошад. Бисёре аз хотирот, мушоҳидаҳо, дидгоҳҳо ва дидаю шунидаҳои Саъдӣ, ки ҳосили сафарҳои ӯ ба шаҳру мамолики гуногунанд, бо меъёрҳо ва талаботи имрӯзии санъати сайёҳӣ ҳамхониву созгорӣ доранд.

Саъдӣ 800 сол пеш нақши гардишгарон дар равнақи иқтисодии як мамлакатро дарк карда, ба подшоҳони давраи хеш борҳо тавсия додааст, ки эҳтироми мусофирро ба ҷой оранд, зеро сайёҳону мусофирон таблиғгари фарҳангу тамаддуни як кишвар маҳсуб мешаванд.

                       Бузургон мусофир ба ҷон парваранд,

                       Ки номи накӯӣ ба олам баранд.

                       Ғарибошно бошу сайёҳдӯст,

                       Ки сайёҳ ҷаллоби номи накӯст.

Вожаи “ҷаллоб” ҳам истилоҳи иқтисодӣ буда, дар қадим касеро мегуфтаанд, ки бори бозаргононро аз шаҳре ба шаҳре мекашонидааст. Саъдӣ дар ин байт сайёҳон, гардишгарон ва ҷаҳонгардонро ба ҷаллоб ташбеҳ кардааст, ки дар сурати бархӯрди хуб ва муомилаи нек бо онон, онҳо ба таблиғкунандаи фарҳангу тамаддун ва расму ойини кишвари дигар табдил мешаванд. Яке аз унсурҳои асосии рушди туризм дар ҷаҳони муосир низ ҳамин таблиғот (реклама) ба шумор меравад. Саъдӣ дар ҳамон айём ба хубӣ ин нуктаро дарк карда ва ба ҳокимони даврони хеш риояти онро тавсия кардааст:

                          Ба некию бадӣ овоза дар басити ҷаҳон,

                          Се кас баранд- расулу ғарибу бозаргон.

Яке аз нуктаҳои дигари ҷалби сармоя ва туризм, низоми  амнияти ҷонии гардишгарон ва таъмини амнияти сармояи сармоягузорон маҳсуб мешавад. Ин ҳамон нуктае ҳаст, ки қабл аз сафар ба ҳар кишваре инсон дар бораи он андеша мекунад. Саъдии бузургвор низ подшоҳону ҳокимони ҳамасри худро дар ин бора ба такрор ҳушдор додааст:

                          Шаҳаншаҳ, ки бозоргонро бихаст,

                          Дари хайр бар шаҳру лашкар бибаст.

                          Накӯ боядат ному некӣ қабул,

                          Накӯ дор бозоргону расул.

                         Дигар кишвар обод бинад ба хоб,

                         Ки дорад дили аҳли кишвар хароб.

Саъдӣ дар идомаи ин мавзӯъ мефармояд, ки дар кишваре, ки амният ва адолати иҷтимоӣ вуҷуд надошта бошад, ҳеч бозаргон ва сармоягузори хориҷӣ дар он ҷо сармоягузорӣ намекунад, балки сармоягузорони дохилӣ низ аз он мамлакат фирор хоҳанд кард:

                         Кай он ҷо дигар ҳушмандон раванд,

                         Чу овозаи расми бад бишнаванд.

                         Шуниданд бозоргонон хабар,

                        Ки зулм аст дар буми он бехабар.

                        Буриданд аз он ҷо хариду фурӯш,

                        Зироат наёмад, раият бисӯхт.

Дар баробари зарурати гиромидошти сайёҳону ҷаҳонгардон, Саъдии ҳақоиқшинос моро ба зиракии сиёсӣ низ даъват кардааст. Зеро эҳтимол дорад дар либоси сайёҳу ҷаҳонгард фитнагарону ҷосусон низ вориди ҳар кишваре шаванд ва барномаҳои сиёҳи худро пайгирӣ кунанд. Дар ин маврид Саъдӣ тавсия мекунад, ки масъулони давлатӣ бояд бо зиракию ҳушёрӣ хубу бадро аз ҳам ҷудо намоянд ва дар ҳар сурат бо онҳо муносибати мувофиқ намоянд:

                             Накӯ дор зайфу мусофир азиз,

                          Ваз осебашон барҳазар бош низ.

                         Зи бегона парҳез кардан накӯст,

                          Ки душман тавон буд дар зилли дӯст.

Шайх Саъдӣ ба мардуми оддӣ низ тавсия медиҳад, ки ҳангоми муносибату муошират бо мардуми бегона роздору амонатдор буда, сирри кишвари худро ба онҳо фош накунанд, мабодо ҳамнишини онон ҷосус бошад ва аз ин иттилоот дар ҷиҳати табоҳии кишвар истифода кунад:

                              Манеҳ дар миён роз бо ҳар касе,

                              Ки ҷосуси ҳамкоса дидам басе.

Дар идома Саъдӣ таъкид мекунад, ки дар сурати ошкор шудан ва ё шиносоии афроди фитнагар дар миёни сайёҳону гардишгарон, масъулони давлатӣ бо онҳо тибқи қонунҳои башарӣ бархӯрд намуда, ин тоифаро бидуни таҳқиру озор аз кишвар ихроҷ (депортатсия) намоянд:

                      Ғарибе, ки пурфитна бошад сараш,

                     Маёзору берун кун аз кишвараш.

                      Ту гар хашм бар вай нагирӣ равост,

                      Ки худ хӯи бад душманаш дар қафост.

Дар ин абёти шайх Саъдӣ ба возеҳӣ ду асли Эъломияи ҳуқуқи башар: асли риояи ҳуқуқи инсон ва ҷилавгирӣ аз табъизу хушунат дида мешавад.

Шайхи Шероз ҳангоми ривояти достонҳои “Бӯстон”-у “Гулистон” ва баёни матолиби ҳакимона аз шаҳру мамолике ном мебарад, ки худ дар он ҷо ҳузур дошта, дар ҳикоёте кӯтоҳ тасвире беназир ва ё панде дилпазир аз хотироту мушоҳидоти хеш дар бораи қавму миллиятҳои мухталиф ва расму ойинҳои онҳо барои мо ривоят кардааст. Вижагии хоси ҳикмату пандҳои Саъдӣ дар он аст, ки ҳамаи онҳо ҳосили мушоҳидаҳо, таҷрибаҳо ва дидаву шунидаҳои айнии худи шоиранд, ки дар тӯли сафари беш аз сисолаи хеш ба даст овардааст. Номи шаҳру сарзаминҳое, ки Саъдӣ аз он ҷо боздид карда ва аз мушоҳидоти хеш ҳамчун ҷомеашинос ривоят кардааст, бад-ин тартиб аст: Бағдод, Басра, Санҷор, Кӯфа, Бакр, Восит, Ҳиҷоз, Сафо, Ҳабаша, Миср, Мағриб (Марокаш), Лубнон, Тароблус (Либия), Ҳалаб, Димишқ, Рум, Исфаҳон, Кеш, Қошғар (Чин), Балхи бомиён ва Суманот (Ҳиндустон). Ҳосили ин се даҳа сайру саёҳат ин шуд, ки Саъдӣ ба яке аз бузургтарин адибони давру замони хеш табдил шавад. Даврони сафари сисолаи Саъдӣ дар замоне иттифоқ афтод, ки пас аз фитнаи муғул дар сарзамини Эрон бозори мазҳабу таассуб ба шиддат гарм буд. Дар замоне, ки дар Эрон баҳсҳои фирқаӣ байни ҳанафиҳо, шофеиҳо, ашоара ва мӯътазила бисёр доғ буд, Саъдӣ бо шаҳомате, ки дошт, аз Инҷил матлабе ривоят мекунад: “Ки эй, фарзанди одам агар тавонгарӣ диҳамат, муштағил шавӣ ба мол аз ман, ва агар дарвеш кунамат, тангдил нишинӣ, пас ҳаловати зикри ман куҷо дарёбӣ ва ба ибодати ман кай пардозӣ? “

Дастоварди дигари Саъдӣ аз сафари сисолаи хеш барои ояндагон омӯзиши хештандорӣ ва таҳаммулпазирӣ дар баробари дину ақоиди бегонагон аст. Пири ҷаҳонгарди мо дар боби ҳаштуми “Бӯстон” чунин қисса мекунад:

                    Буте дидам аз оҷ дар Суманот,

                    Мурассаъ чу дар ҷоҳилият манот.

Ва бутпарастон мураттаб ба зиёрати он бут меомаданд ва аз ӯ барои рафъи мушкилоти хеш мадад меҷустанд. Саъдӣ ба бараҳмане аз он дайр, ки муддате ҳамҳуҷра низ будаанд, назари худро дар бораи ботил будани ин амал баён кардааст:

                      Муғеро, ки бо ман сару кор буд,

                     Накӯгӯю ҳамҳамҳуҷраю ёр буд.

Бараҳмани ҳамҳуҷраи Саъдӣ аз ин гуфтори вай хашмгину нороҳат шуда, дигар бараҳманонро алайҳи ӯ мешӯронад ва ҷони Саъдӣ дар хатар қарор мегирад. Саъдӣ барои раҳоӣ аз ин вазъият чорае намебинад, магар ин ки аз роҳи мадоро бо онҳо дар гуфтугӯ шавад ва ҳатто бути мавриди парастиши ононро ситойиш кунад:

                  Фурӯ мондам аз чора ҳамчун ғариқ,

                   Бурун аз мудоро надидам тариқ.

Ба ҳамин тартиб, Саъдии ҷаҳонгашта ва гарму сарди рӯзгорро чашида, аз роҳи мадоро ва таҳаммулпазирӣ ҷони худро аз шарри бараҳманон наҷот медиҳад.

Қобили зикр аст, ки дар таърихи адаби тоҷикӣ-форсӣ ҳеҷ шоиру нависандае ба андозаи Саъдӣ сайру саёҳат накарда, агарчи Носири Хусрав ва “Сафарнома”- и ӯ дар ин робита машҳур аст, вале бояд бидонем, ки муддати сайру саёҳати Носири Хусрав ҳафт сол буда, аммо сафари Саъдӣ беш аз сӣ сол тӯл кашидааст. Ҷаҳонгардӣ ва сафари тӯлонӣ Саъдиро ба як донишманд, ҷомеашинос, воизи номдор ва сайёҳи зираку доно табдил мекунад, ки ҳаштсад сол пеш дар замоне, ки ҳеч гуна созмону кумитаи расмӣ барои таблиғи сайёҳӣ вуҷуд надошт, бо такя ба зиракию ҳушёрӣ ва истеъдоди фитрии хеш ба таҷрибаҳо ва дидгоҳҳои арзишманде дар ин замина даст ёфтааст.

Таъсири ҳамин сайру саёҳат ва маниши озодагии Саъдӣ буд, ки бидуни тангназариву таассуб андешаҳои умумибашариро дар осори худ матраҳ кард ва зимни шиносоӣ бо мардумони гуногун ва фарҳангҳои мухталиф фармуд:

                        Бани Одам аъзои якдигаранд,

                        Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.

 

Беҳрӯзи ЗАБЕҲУЛЛО,

ходими илмии Маркази мероси хаттии АИ ҶТ

P.S. Саъдии Шерозиро дар тамоми олам на танҳо чун яке аз шоирон ва мутафаккирони барҷаста, балки чун тимсоли дарозумрии инсон мешиносанд. Ӯ соли 1181  таваллуд шуда, соли 1291  аз олам даргузаштааст ва расо 110 сол, ба ибораи дигар як асри тамом умр дидааст. Мутахассисони соҳаи тиб яке аз сабабҳои дарозумрии ӯро дар ҷаҳонгардӣ ва пои пиёда гаштани ӯ медонанд. Зиндагиномаи ин марди наҷиб бори дигар гувоҳӣ медиҳад, ки саёҳату ҷаҳонгардӣ ба саломатӣ низ нафъи зиёд дорад…

Февраль 24, 2018 10:09

Хабарҳои дигари ин бахш

«САЙРИ ДУШАНБЕ». Шуруъ аз 25 май дар пойтахти Тоҷикистон 4 хатсайри нави сайёҳии дохилишаҳрӣ фаъолият менамояд
Дар Душанбе бо мақсади рушди сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва тақвияти корҳои ободонӣ ҷаласа доир шуд
Соҳили Сирдарё ба мавзеи истироҳатӣ табдил дода мешавад
Имрӯз нахустин хатсайри Душанбе-Тифлис ифтитоҳ гардид
«САЙРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахти Тоҷикистон 4 хатсайри нави сайёҳии дохилишаҳрӣ ифтитоҳ мегардад
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ярмарка-намоишгоҳи ҷойҳои кории холӣ иштирок намуд
Озмуни «Беҳтарин акси шаҳри Душанбе» оғоз шуд
«БЕҲТАРИН РОЛИКИ САЙЁҲИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Бо мақсади тарғибу ташвиқи имконоти сайёҳии пойтахт озмун оғоз ёфт
Дар Форуми STI имконияти сармоягузорӣ ва сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РУШДИ САЙЁҲӢ ДАР ДЕҲОТ. «Қайнар» мавзеи таърихию фароғатии ноҳияи Восеъ маҳсуб мешавад
«TRAVEL HUB». Моҳи сентябр дар Душанбе намоишгоҳи сайёҳӣ доир мегардад
«МАЙДОНИ ИСТИҚЛОЛ». Ин иншооти муҳташам ва сайёҳии шаҳри Душанбе аст, ки дили сокинону меҳмонони пойтахтро тасхир кардааст