Соҳили Сирдарё ба мавзеи истироҳатӣ табдил дода мешавад
СУҒД, 22.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи бунёдкорию созандагӣ ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ соҳили дарёи Сир- аз назди пули «Ҷашнӣ» то Кохи фарҳанги «Суғдиён» тибқи лоиҳаи махсус ба яке аз ҷойҳои зеботарини маркази вилоят табдил меёбад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.
Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд корҳои ободониву созандагӣ вусъат меёбанд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аснои шиносоӣ бо корҳои бунёдӣ дар соҳили Сирдарё иттилоъ дод, ки дар ин мавзеъ иншооти замонавии тандурустӣ ва солимгардонӣ, ҷойҳои истироҳативу фароғатӣ барои сокинон бунёд карда мешаванд.
Ҳамзамон ба меъморону лоиҳакашон барои таҳияи тарҳи мукаммал, ба масъулини ҳифзи муҳити зист ва сардухтурони муассисаҳои тиббӣ барои тозаву озода нигоҳ доштани соҳили дарё ва атрофи муассисаҳои тандурустӣ супоришҳо дода шуд.
Таъкид гардид, ки бояд ба тозагии муҳити зист таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир намуда, пайваста корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ баранд, то дар баробари ташкилоту идораҳо сокинон низ масъулият эҳсос намоянд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Ҷайҳун муассисаи томактабӣ бунёд мегардад
Дар Бадахшон 55 муассисаи томактабӣ бунёд карда мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар деҳаи Шодоби ноҳияи Варзоб муассисаи таълимӣ ба истифода дода мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Норак ба сохтмони ду иншооти нави соҳаи маориф оғоз бахшида шуд
ИМРӮЗ — РӮЗИ ШАШМАҚОМ. Дар Суғд таҳти унвони «Ушшоқи Раҳмонӣ» фестивал–озмуни байналмилалӣ доир шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА РУШДИ ИЛМИ ҲУҚУҚШИНОСӢ. Бо роҳбарии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон тавонист низоми ҳуқуқии миллӣ эҷод намояд
РУШДИ САНОАТ. Дар шаҳри Истиқлол сохтмони корхонаи истеҳсоли оҳаксанг ва хокаи оҳак идома дорад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Шуғнон дар 10 гектар боғи нав бунёд карда шуд
МАСЪУЛИЯТИ ХАСТАНОПАЗИРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР РОҲИ ДАВЛАТСОЗӢ. Эҳдо ба 35-солаии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон
РУШДИ САНОАТ. Дар шаҳри Истиқлол сохтмони марҳилаи дуюми корхонаи металлургӣ идома дорад
ИСТИҚЛOЛИ ДAВЛAТӢ ВA РУШДИ ДAВЛAТДOРИИ МИЛЛӢ. Андешаҳо дар ин маврид
Тоҷикистон ва Туркия ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ густариш медиҳанд






