АРТИШИ МИЛЛӢ – ИФТИХОРИ МИЛЛАТ!
ДУШАНБЕ, 22.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода зимни сафар ба шаҳри Турсунзода бо афсарону сарбозони қисми ҳарбии 07150-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қисми ҳарбии 6592-и Раёсати Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ вохӯрӣ намуд.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, Вазири корҳои дохилӣ аз синфхона, хобгоҳ, ошхона ва гӯшаи ҳунарҳои мардумии қисми ҳарбии 07150, ки бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ таъсис дода шудааст, дидан намуд.
Зимни вохӯрӣ бо афсарону сарбозони қисми низомии 6592, вазир бо шароити хизмативу маишии афсарону сарбозон шинос гардид. Рамазон Раҳимзода зимни вохӯрӣ бо афсарону сарбозони ниҳодҳои мазкур аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон афсарону сарбозонро ба муносибати 25-умин солгарди таъсиси Артиши миллӣ табрик намуда, зикр кард, ки «таҳти сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат имрӯз Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба яке аз сохторҳои пуриқтидори давлат табдил ёфта, афсарону сарбозони он аз иҷрои ҳама гуна вазифаҳои дар наздашон гузошташуда бо сарбаландӣ мебароянд. Қувваҳои Мусаллаҳ сипари боэътимоди давлат ба ҳисоб мераванд.
Тавре Сарвари давлат дар Паём баён доштанд: «Мо ба фарзандони ҷасуру далери халқамон, ҳомиёни Ватани маҳбубамон эътимоди комил дорем ва бо онҳо фахр мекунем». Моро мебояд ба боварии Роҳбари давлат ва мардум бо рафтору гуфтори нек, дониши баланд, шуҷоату далерӣ ва мардонагиву ҷасурӣ сазовор бошем».
Зикр шуд, ки имрӯз дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ҷавонони баору номуси миллат хизмати Ватан-модарро ба ҷо оварда, баҳри оромиву осоиштагии марзу бум, таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ҳамеша омодаанд.
Ҳамзамон ба муносибати Рӯзи Артиши миллӣ як зумра афсарону сарбозони қисмҳои ҳарбии 07150 ва 6592 бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






