«АВТО БОНУ-2018». Дар Душанбе бори чорум Озмуни бонувони ронанда доир карда мешавад!
ДУШАНБЕ, 13.02.2018./АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи Модар Раёсати БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон маротибаи чорум Озмуни бонувони ронандаро бо номи «Авто Бону-2018» баргузор менамояд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз БДА ВКД ҶТ хабар доданд.
Озмун 3-юми марти соли 2018 соати 10:00 дар автодроми автоматиконидашудаи ба номи А.Турсунов, воқеъ дар километри 7- уми кӯчаи С.Айнии шаҳри Душанбе доир карда мешавад. Тавре созмондиҳандагони он гуфтанд, ҳадаф аз баргузор намудани ин Озмун – баланд бардоштани маҳорати касбии занону духтарони ронанда ва тарғиби қоидаҳои ҳаракат ва бехатарӣ дар роҳ мебошад. Дар ин санҷиши маҳорат занону духтароне, ки шаҳодатнома ва собиқаи на кам аз яксолаи ронандагӣ доранд, иштирок карда метавонанд.
Озмун аз рӯи даврҳои зерин гузаронида мешавад:
Даври I. «Варақаи боздид» — «Ман ва автомобилам» (ороиши автомобил);
Даври II. Мусобиқаи «Донандагони ҚҲР» (Қоидҳои ҳаракати роҳ)
Даври III. Рондани автомобил дар Автодром ;
Даври IV. «Ёрии аввалияи тиббӣ»;
Давраи V. «Намоиши плакати тарғиботӣ».
Ғолибон ва иштирокчиёни Озмун бо тӯҳфаҳо қадрдонӣ карда мешаванд.
Бонувоне, ки мехоҳанд дар ин озсмун иштирок намоянд, метавонанд, ба суроғаи Раёсати БДА, кӯчаи Ҷ.Расулов-69 ва ё бо телефонҳои зерин муроҷиат намоянд: 93-508-70-72, 235-79-85, 238-46-04.


















Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд
ТАҶАЛЛИБАХШИ НИГИНИ ТОҶИ МИЛЛАТ. Андешаҳо дар мавриди арҷгузорӣ ба Зан-Модар






