Дар Бонки миллӣ масъалаи баланд бардоштани донишҳои молиявии ҷавонон баррасӣ гардид

Февраль 22, 2018 15:31

ДУШАНБЕ, 22.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ҳадаф аз роҳандозии Барномаи VOLIP — паст намудани сатҳи камбизоатӣ тавассути баланд бардоштани маърифати молиявии ҷавонон, ҷалб намудани занҳои беихтисос ба касбу ҳунарҳо, дастгирии молиявӣ ва таъмин намудани онҳо бо ҷои кор ва даромад мебошад. Ин нуктаро муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ дар семинари машваратие, ки дар Бонки мазкур баргузор гардид, зикр намуд.

Тавре аз Бонки миллӣ хабар доданд, дар машварат ҳамоҳангсози Барномаи саводнокии касбӣ барои паст намудани сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон (VOLIP) Исроил Исмоилов, намояндагони ташкилотҳои қарзӣ, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, ҷараёни корҳоро ҷиҳати маблағгузории хурд мувофиқи принсипҳои маблағгузории хурди исломӣ муҳокима намуданд.

Дар ҷамъомад мутахассисони Бонки миллии Тоҷикистон оид ба раванди амалишавии маблағгузории хурди исломӣ тибқи Созишнома оид ба маблағгузорӣ дар доираи «Барномаи саводнокии касбӣ барои паст намудани сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон» маълумот доданд.

Зикр шуд, ки   барои тезонидани раванди қарздиҳӣ бо назардошти Соли рушди сайёҳӣ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018 ҷиҳати зиёд намудани гурӯҳҳои иловагии мақсадноки қарзгир дар доираи Барномаи VOLIP, баланд бардоштани масъулияти ташкилотҳои қарзӣ, ҳавасманд намудан ва корҳои фаҳмондадиҳӣ бо қарзгирон тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд.

Қобили зикр аст, ки маблағҳои лоиҳаи мазкур тавассути ташкилотҳои қарзии ватанӣ (БДА «Амонатбонк», ҶСК «Бонки Эсхата», ҶСП «Спитамен Бонк», ҶСП «Бонки байналмилалии Тоҷикистон», ҶСК «Коммерсбонки Тоҷикистон», ҶСП ТАҚХ «Имон Интернешнл», ҶСП ТАҚХ «Ҳумо», ҶДММ ТАҚХ «Арванд») амалӣ карда мешаванд.

Айни ҳол лоиҳаи Барномаи саводнокии касбӣ барои паст намудани сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон (VOLIP) дар 11 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла, шаҳрҳои Душанбе, Ҳисор, Норак, Сарбанд ва ноҳияҳои Шаҳринав, Файзобод, Нуробод, Хуросон, Муъминобод, Ҳамадонӣ ва Зафаробод амалӣ мешавад.

Февраль 22, 2018 15:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд