Дар Бонки миллӣ масъалаи паст намудани хавфҳои суиистифодаи низоми молиявӣ баррасӣ гардид

Февраль 20, 2018 15:49

ДУШАНБЕ, 20.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар Бонки миллии Тоҷикистон мулоқоти намояндагони ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ бо коршиносони ширкати «Томсон Рейтер» оид  ба масъалаҳои муқовимат ба хавфҳое, ки ташкилотҳои қарзӣ метавонанд бо онҳо рӯ ба рӯ шаванд,   доир гардид.

Тавре аз Бонки миллӣ хабар доданд,  зимни вохӯрӣ зикр карда шуд, ки  бо назардошти таҳдидҳои умумие, ки ташкилотҳои молиявӣ дучор мешаванд, ташкилотҳои қарзиро зарур аст доимо вобаста ба ошкорнамоӣ, баҳогузорӣ ва коҳиш додани хавфҳо фаъолияти амалии худро ба роҳ монанд.

Ҳамчунин  коршиносони ширкати «Томсон Рейтер» ба иштирокдорон оид ба хизматрасониҳои барномаи ширкат муаррифии муфассал пешниҳод намуданд. Аз ҷумла, имкониятҳои барномаҳои мазкур, яъне ба таври мустақим (онлайн) ошкор намудани шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки ба рӯйхатҳои таҳримӣ, мақомоти танзимкунанда ва ё мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ворид ҳастанд, намоиш дода шуд. Коршиносони ширкат инчунин вобаста ба моделҳои тиҷоратӣ ва шартҳои махсус дар доираи обунашавии миллӣ маърӯза намуданд.

Мулоқоти мазкур дар самти баланд бардоштани дараҷаи самаранокии фаъолияти низоми назорати дохилии ташкилотҳо ва паст намудани хавфҳои суиистифодаи низоми молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла, дар самти муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом мусоидат менамояд.

 

Февраль 20, 2018 15:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд
ТАҶАЛЛИБАХШИ НИГИНИ ТОҶИ МИЛЛАТ. Андешаҳо дар мавриди арҷгузорӣ ба Зан-Модар