Дар Душанбе дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 16.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои марбут ба вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои иқтисодии Тоҷикистону Озарбойҷон дар мулоқоти раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Ҳамрализода бо Сафири Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мамедзода Ҳасан Дилсуз Оғлу дар Душанбе баррасӣ гардиданд.
Аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки тарафҳо ҷиҳати тақвияти ҳамкории мутақобилан судманд дар самти ҷалби сармоягузорӣ, бунёди корхонаҳои муштарак, баргузор намудани ҳамоиши доираҳои соҳибкорӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба рушди ҳамкории иқтисодию тиҷоратии ду давлат ибрози назар намуданд.
Ҳамзамон дар мулоқот атрофи фаъолияти Маркази «Осон хизмат»-и Агентии давлатӣ оид ба хизматрасонӣ ба шаҳрвандон ва инноватсияи иҷтимоии назди Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон ибрози назар карда шуд.
Ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати омӯхтани таҷрибаи ин марказ ҳавасмандӣ зоҳир намуд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






