«Дар кӯчаҳои қисмат» занону бонувонро ҳушдор медиҳад, то ба доми фиреби нохалафон наафтанд

Февраль 21, 2018 14:37

ДУШАНБЕ, 21.02.2018. /АМИТ «Ховар»/.  Дар Театри мусиқӣ- мазҳакавии ба номи Сайдалӣ Вализодаи шаҳри Кӯлоб нахустнамоиши спектакли  «Дар кӯчаҳои қисмат» аз рӯи пйесаи драманависи шинохтаи тоҷик Ато Ҳамдам баргузор гардид.

Асари мазкур аз лиҳози мӯҳтаво ва банду баст драмаи психологӣ буда, ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бахшида шудааст. Таҳиягари намоишнома Раҳмоналӣ Одинаев мебошад. Сужаи асар хеле ҷолиб аст. Духтари ҷавон Наргис бо сабаби содагию зудбовариаш ба доми андохтаи қаллобон афтида, ба Дубай бурда мешавад.

Дар он ҷо вай бо мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ мегардад, аммо номус ва шаъну шарафи худро ҳифз мекунад. Дӯсти ӯ Шуҳрат, ки ҷавони хеле ҷасуру бонанг аст, аз ин қазия огоҳӣ ёфта, монеаҳои зиёдеро паси сар мекунад. Дар охир ӯ Наргисро пайдо намуда, ба бозгашти духтари фиребхӯрда кумак мерасонад.

Нақшҳои асосиро ҳунарпешагони театр Саида Султонова, Фаррух Содиқзода, Амиршо Баротов ва дигарон бозидаанд.

 

 

Февраль 21, 2018 14:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст