Дар ноҳияи Шуғнон бабри барфӣ ё озодапаланг дастгир гардид

Февраль 27, 2018 10:04

ХОРУҒ, 27.02.2018 /АМИТ «Ховар»/.   Сокинони деҳаи Имоми ҷамоати Ванқалъаи ноҳияи Шуғнон ҳафтаи охир шоҳиди  ҳамлаи бабри барфӣ ба чорвои хонагӣ шуданд. Дар натиҷаи ин ҳамла 41 сар чорвои сокинон талаф ёфт.

Сокини ин деҳа Мамадсаид Симаков гуфт,  ки «соати чори субҳ ҳамсари ман ба оғилхона рафта, дарро кушода мебинад, ки 36 сар моли майда ба хун оғуштаанд ва  дар кунҷи оғилхона бабри барфӣ истодааст. Ҳамсарам дарро зуд баста, давида ба хона омад. Ман белро гирифта, дарро кушодам. Бабри барфӣ маро тела дода, ба ҷониби кӯҳсор гурехт».

Рӯзи дигар боз бабр ба деҳа фаромада, панҷ сар моли майдаи сокини ин деҳа Имомёрбек Чоршанбиевро ҳадафи ҳамла қарор дод. Ин дафъа соҳиби хона дару равзанаи оғилхонаро сахт баста, ба Раёсати муҳити зисти вилоят хабар дод.

Сардори шуъбаи олами наботот ва ҳайвоноти раёсати мазкур Шакар Юсуфбеков гуфт, ки «баъди ба маҳали ҳодиса расидан қафаси оҳанинро дар назди дари оғилхона гузоштем. Бабри барфӣ гӯштро дар даруни қафас дида, худаш вориди он шуд. Баъдан ин бабр ба ағбаи Кӯҳтезак, ба як минтақаи дур аз маҳали аҳолинишин интиқол дода шуд».

Намояндаи созмони байналмилалии «Пантера» дар Тоҷикистон Ҷурабек Баҳриев аз муносибати хайрхоҳонаи сокинони деҳа нисбат ба ин ҳайвони нодир изҳори хушҳолӣ карда, гуфт, ки «дар ҳоли ҳозир шумораи онҳо дар Тоҷикистон аз 300 то 350 сар боқӣ мондааст. Мо ҳамеша ҳангоми суҳбат аз сокинони деҳа хоҳиш мекунем, ки дар ҳифзу нигоҳдории ин ҳайвони нодир бо  мо ҳамкорӣ кунанд. Дар навбати худ созмони мо дар ҳамкорӣ бо Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид кӯшиш мекунад, ки ба оилаҳои зарардида кумаки моддӣ  расонад».

Ба гуфтаи Ҷурабек Баҳриев, дар ду соли охир бабри барфӣ ва ё худ озодапаланг панҷ маротиба барои ҷустуҷӯи ғизо ба деҳоти назди доманакӯҳҳои вилоят  фаромадааст ва сокинон ин ҳайвони нодир ва зеборо  бо иззату эҳтиром  боз ба «хонааш» гусел карданд.

 

Февраль 27, 2018 10:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба солгарди таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор гардид
Дар Хадамоти алоқа ба муносибати Рӯзи ҳуқуқи инсон ҳамоиш доир шуд
ZET-MOBILE иқдоми навро оғоз кард: тарофаҳои «SUPER Қувва» бо тахфифи 50%
Дар Ёвон бахшида ба 31-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон-пояи устувори мафкураи сиёсӣ дар роҳи ташаккули давлатдории миллӣ
Дар Шаҳринав бо сокинон ва соҳибкорон оид ба истифодаи самараноки неруи барқ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи ҳуқуқи инсон ҳамоиш баргузор мегардад
Комрон Кенҷаев: «Мо шабакаро дар тамоми ҳудуди Хатлон бунёд карда, муосир мегардонем»