Дар Парлумони Тоҷикистон масъалаи коркард ва истихроҷи саноати маъданҳои кӯҳӣ баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 22.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар ҳамгироии иқтисодиёти ҷаҳонӣ қарор дошта, дар иртибот ба ин дар ҷумҳурӣ ислоҳот дар соҳаҳои истихроҷ татбиқ гардида истодааст. Ин нукта дар суҳбати «мизи мудаввар», ки имрӯз дар палатаи поёнии Парлумони мамлакат дар мавзӯи «Коркард ва истихроҷи саноатии маъданҳои кӯҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» доир шуд, баён гардид.
Муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Акрамшо Фелалиев зикр намуд, ки корхонаҳои саноати маъданҳои кӯҳӣ ва металлҳои қиматбаҳо ҷиҳати дар сатҳи баланди нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ ҷамъбаст намудани натиҷаҳои истеҳсолӣ, афзун намудани рушди иқтидори содиротӣ ва таҳкими гуногунсамтии он, истеҳсоли маҳсулоти ба содирот нигаронидашуда дар соли 2017 ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд.
Таъкид гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати гузаронидани ислоҳоти иқтисодӣ, бештар ворид шудан ба иқтисодиёти ҷаҳонӣ, ки натиҷаи он беҳтар гардидани фазои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ аст, саъйи бештар менамояд. Дар ин самт ташаббуси шаффофият дар соҳаҳои истихроҷ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муваффақият амалӣ мешавад. Амалӣ гардонидани ташаббуси шаффофият ба такмили шаклҳои идоракунӣ дар соҳаҳои истихроҷ, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ барои самаранок истифода бурдани захираҳои табиӣ ва ба даст овардани боварӣ мусоидат менамояд.
Роҷеъ ба масъалаи баррасишуда намояндаи ташкилоти «Ташаббуси шаффофият дар соҳаи истихроҷ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар кормандони масъули идораҳои марбутаи ҷумҳурӣ сухан карданд.
Таъкид шуд, ки дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии корхонаҳои саноати маъданҳои кӯҳӣ 27,5% маҳсулоти умумии корхонаҳои саноатии ҷумҳуриро ташкил намуд.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






