Дар шаҳри Душанбе мавсими «Ҳаҷ-2018» оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 21.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе Комиссияи шаҳрӣ оид ба омодагӣ ва муташаккилона баргузор намудани мавсими «Ҳаҷ-2018» таъсис дода шуд. Ҳамчунин раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе вазифадор гардиданд, ки баҳри қабули саривақтии ҳуҷҷатҳои ҳаҷравандагон комиссияҳои ноҳиявӣ таъсис диҳанд. Комиссияҳои ноҳиявӣ бояд то муҳлати муқарраргардида ба Комиссияи шаҳрӣ ҳуҷҷатҳои зуруриро тибқи рӯйхат пешниҳод намоянд.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ин бора қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба имзо расида, дар асоси он раиси Комиссияи шаҳрӣ вазифадор гардидааст, ки то 6 апрели соли 2018 рӯйхати ҳаҷравандагонро тибқи тартиби муқарраргардида ба Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намояд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






