Дар шаҳри Гулистон фарқияти содироти маҳсулоти истеҳсолӣ аз воридотӣ 2,7 маротиба афзудааст
ХУҶАНД, 01.02.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар давоми соли 2017 ба соҳаи саноати шаҳри Гулистон 605,4 миллион сомонӣ сармоя ҷалб гардид, ки аз он 578,5 миллион сомонӣ сармояи хориҷӣ ва 26,8 миллион сомониаш сармояи дохилӣ мебошад. Ҳамчунин гардиши савдои хориҷии коргоҳҳои саноатии шаҳр дар ин давра 313,9 миллион доллари ИМА-ро ташкил дода, фарқияти содирот аз воридот 2,7 маротиба зиёд гардидааст. Дар ин радиф, вазни қиёсии корхонаҳои саноатӣ дар ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии вилоят 35,7 фоизро ташкил дод. Дар ин бора раиси шаҳри барқчиёни вилояти Суғд – шаҳри Гулистон Матлубахон Сатториён зимни нишасти хабарӣ ба намояндагони воситаҳои ахбори омма маълумот дод.
Ба иттилои хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар», шаҳрдори Гулистон иброз дошт, ки дар ин давра аз ҷониби корхонаҳои саноатӣ бо 23 кишвари ҷаҳон робитаи тиҷоратӣ ба роҳ монда шуда, ҳаҷми маҳсулоти содиротӣ ба кишварҳои хориҷӣ 228,2 миллион доллар ва воридот 85,7 миллион долларро ташкил дод.
Инчунин аз 26 корхонаи саноатии шаҳр 18-тои он ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро афзоиш дода, 11,6 маротиба зиёд намуданд. Дар ин давра истеҳсоли барзиёди маҳсулоти саноатӣ аз рӯи 93 намуди аслӣ ба роҳ монда шуд. Дар маҷмӯъ, корхонаҳои саноатии шаҳри Гулистон соли 2017 ба маблағи беш аз 3,5 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки ин нишондиҳанда 114,8 фоизро ташкил дод.
Ҳамчунин вобаста ба паҳлуҳои дигари иҷтимоӣ-иқтисодии шаҳр Матлубахон Сатториён баён дошт, ки дар давраи ҳисоботӣ дар миқёси шаҳракҳо ва шаҳри Гулистон 29 иншооти истеҳсолию коммуналӣ ва манзилӣ ба истифода дода шуд, 8,0 км роҳҳси мошингард таъмири асосӣ, 21,5 км таъмири ҷорӣ, 31 км шағалпӯш карда шуданд. Дар самти таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ 9 насоси обкашии зеризаминӣ таъмир ва 3 адад нав карда шуда, 90 бинои бисёрошёнаи истиқоматии шаҳр ба хатти нави оби нӯшокӣ пайваст гардиданд.
Дар самти эҳёи ҳунарҳои миллӣ ва касбомӯзӣ дар ҳудуди шаҳр ва шаҳракҳо 7 маркази таълимӣ-касбомӯзии атласу адрасбофӣ таъсис дода шуда, онҳо бо 14 дастгоҳи атласу адрасбофӣ, 6 дастгоҳи қолинбофӣ ва 6 мошинаи дарздӯзӣ таъмин гардиданд. Баъди омӯзиш дар ин марказҳо 206 нафар занону духтарони хонанишин соҳиби шаҳодатнома шуданд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд






