Дар шаҳри Кӯлоб корхонаи истеҳсоли орд фаъол гардид
КӮЛОБ, 27.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Кӯлоб Корхонаи истеҳсоли орд ба кор шурӯъ кард. Он марбут ба Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Суғдиён»-и Агентии захиравии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад . Ҳоло дар ин корхона дар як шабонарӯз 90 тонна орди хушсифат истеҳсол мешавад.
Ба иттилои директори корхонаи истеҳсоли орди «Суғдиён» Фурқат Иборатов, дар корхона 40 нафар коргарон ба кор ҷалб гардидаанд. Корхона орди хушсифати навъҳои 1-ум ва 2-юм истеҳсол намуда, онҳоро дар бозори марказӣ ва дӯконҳо ба фурӯш мегузорад. Нархи орди истеҳсолшуда нисбат ба бозорҳо арзонтар мебошад. Ордҳои истеҳсолгардидаи корхона берун аз шаҳри Кӯлоб низ ба фурӯш бароварда мешаванд. Аз ҷумла, дар ноҳияи Муъминобод, Ш.Шоҳин, Ховалинг, Ҳамадонӣ ва Фархор нуқтаҳои асосие мавҷуд мебошанд, ки дар онҳо ордҳои аълосифат дастраси мардум мегарданд.
Масъулуни корхона бо хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияҳои мазкур шартномаи тарафайн дошта, баъди ҷамъоварии ғалла (гандум) аз онҳо маҳсулот қабул мекунанд. Инчунин дар корхона мошинҳои сайёр таъсис дода шудаанд, ки ордҳои истеҳсолгардидаро ба ҷойҳои зарурӣ бурда, ба фурӯш мебароранд.
Дар корхона барои саҳм гузоштан дар рушди соҳаи саноатӣ ва кишоварзӣ парвариши зироати кишоварзӣ, аз ҷумла, картошка, пиёз, карам ва лӯбиёгиҳо роҳандозӣ шудааст. Корхона моҳе як маротиба маҳсулоти худро ба ярмарка бароварда, бо нархи арзон дасраси мардум мегардонад. Масъулини корхона ҳамзамон ба табақаҳои камбизоат, маъюбон ва иштирокдорони ҷанг ёрии амалӣ мерасонанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ФУТБОЛ. Дастаҳои асосӣ ва ҷавонони «Вахш» бо медалҳои нуқра ва биринҷӣ мукофотонида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Тарофаи мобилӣ – мувофиқи талаботи шахсии шумо
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии пешгирии экстремизми хушунатомез дар шаҳри Турсунзода ҳамоиш баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии занон ва духтарон дар соҳаи илм конфронси байналмилалӣ доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






