Дар шаҳри Москва ҷараёни иваз намудани шаҳодатномаҳои ронандагӣ оғоз ёфт
ДУШАНБЕ, 07.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Хадамоти консулии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия аз 2 феврали соли 2018 хизматрасонии навро доир ба иваз намудани шаҳодатномаҳои ронандагии нусхаи кӯҳна ба шаҳодатномаҳои ронандагии нусхаи нави биометрӣ ба роҳ мондааст. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҳудуди Федератсияи Россия қарор доранд, имконият фароҳам оварда шуд, то дар қаламрави Федератсияи Россия шаҳодатномаи ронандагии намунаи нави биометрӣ дастрас намоянд.
Барои гирифтани шаҳодатномаи ронандагии намунаи нави биометрӣ шаҳрвандон бояд ба Хадамоти консулии Сафорат ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод кунанд:
— маълумотномаи тиббӣ;
— нусхаи шиносномаи дохилӣ ё хориҷӣ;
— шаҳодатномаи ронандагӣ;
— расиди пардохти маблағ ($100).
Муҳлати омода гардидани шаҳодатномаи ронандагии намунаи нави биометрӣ 14 рӯзи кориро дар бар мегирад.
Бартарияти шаҳодатномаи ронандагии намунаи нави биометрӣ дар қаламрави Федератсияи Россия дар он аст, ки дорандаи он метавонад бо супоридани 3 имтиҳон соҳиби шаҳодатномаи ронандагии Федератсияи Россия гардад:
1) назарияи қоидаҳои ҳаракати роҳ;
2) рондани автомобил дар майдони махсус (автодром);
3) рондани автомобил дар шаҳр.
Шаҳодатномаҳои ронандагии намунаи нави биометрӣ мутобиқи стандартҳои байналмилалӣ омода гардида, муҳлати истифодаи он 10 сол аст.
Дорандаи шаҳодатномаи ронандагии намунаи нави биометрӣ дар асоси стандартҳои байналмилалӣ метавонад онро дар қаламрави 166 кишвари дунё истифода барад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ФУТБОЛ. Дастаҳои асосӣ ва ҷавонони «Вахш» бо медалҳои нуқра ва биринҷӣ мукофотонида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Тарофаи мобилӣ – мувофиқи талаботи шахсии шумо
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии пешгирии экстремизми хушунатомез дар шаҳри Турсунзода ҳамоиш баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии занон ва духтарон дар соҳаи илм конфронси байналмилалӣ доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






