Дар Суғд Барномаи вилоятии «Рушди ҳунарҳои мардумӣ» қабул гардид
ХУҶАНД, 22.02.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018 дар вилояти Суғд баҳри эҳё, рушд ва истифодаи самарабахши ҳунарҳои мардумӣ ва ҳамзамон тараққӣ додани санъати куҳани аҷдодии ҳунармандӣ Барномаи вилоятии «Рушди ҳунарҳои мардумӣ» қабул гардид.
Ба иттилои хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар», дар асоси қарори мазкур нақшаи чорабиниҳо иборат аз 28 банд тасдиқ гардида, масъулини сохтору идораҳои марбута вазифадор гардидаанд, ки ҷиҳати эҳё ва тарғибу ташвиқи ҳунарҳои мардумӣ тадбирҳои мушаххас андешанд.
Ҳамзамон бояд зикр кард, ки аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар доираи татбиқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ ва ҳамзамон ба ин восита ташкили ҷойҳои нави корӣ ва даромади иловагии оилавӣ барои занону духтарон, хосатан бонувони хонашин, баҳри омӯзиш ва соҳибкасб гардидани онҳо аз ҷониби роҳбарияти вилоят тадбирҳои судманд андешида мешаванд. Ҳоло дар миқёси шаҳру ноҳияҳои вилоят дар самти ташкили марказҳои ҳунармандӣ, чун қолинбофии дастӣ, адрасу атласбофӣ ва сўзанидўзӣ корҳои назаррас иҷро гардидаанд.
Давоми се соли охир дар вилоят 262 маркази таълимию истеҳсолӣ, аз ҷумла, 191 маркази таълимии адрасу атласбофӣ ва 71 маркази таълимии қолинбофӣ бо фарогирии 604 дастгоҳи адрасу атласбофӣ ва 411 дастгоҳи қолинбофӣ таъсис дода шудаанд, ки дар онҳо 735 нафар ҳунармандон ба 3895 нафар шогирдон нозукиҳои ин ҳунарҳоро меомӯзонанд. Илова бар ин, дар вилоят 355 маркази таълимии хонагӣ, аз ҷумла, 192 маркази адрасбофӣ ва 163 маркази қолинбофӣ таъсис дода шудаанд. Дар ин радиф танҳо соли гузашта 45 нафар занони ҳунарманд баҳри рушди соҳибкасбӣ ва ҳунаромӯзӣ ба шогирдон соҳиби гранти раиси вилоят гардиданд.
Инчунин давоми соли гузашта тавассути мақомоти шуғли аҳолӣ 4226 нафар сокинон ба омӯзиши касбу ҳунар фаро гирифта шуданд. Аз ҷумла, бо нозукиҳои касби қолинбофӣ 299 нафар, сӯзанидӯзӣ 23 нафар, қуроқдӯзӣ 42 нафар, гулдӯзӣ 126 нафар, адрасбофӣ 523 нафар ва оҳангарӣ 54 нафар шинос гардиданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд






