Донишҷӯёни Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён мегарданд
ДУШАНБЕ, 1.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Соли сипаригардида донишҷӯёни Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Сайидмуъмин Раҳимов дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ иштирок намуда, соҳиби ҷойҳои намоён гардиданд. Дар ин бора ректори Донишкадаи мазкур Шодӣ Сафаров имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Номбурда илова намуд, ки яке аз донишҷӯёне, ки Парчами Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардошт, ҷаҳонпаҳлавон Беҳрӯз Хоҷазода мебошад, ки дар чемпионати ҷаҳон оид ба самбо дар шаҳри Сочии Федератсияи Россия миёни беҳтарин варзишгарони сайёра соҳиби медали тилло ва унвони қаҳрамони ҷаҳон гардид.
«Ин ғолибияту дастовардҳои донишҷӯёни мо аз таваҷҷуҳи ҳамешагии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба варзишгарон дарак медиҳад, зеро имрӯз дар мамлакат барои варзишгарон тамоми шароит фароҳам оварда шудааст»,-гуфт Шодӣ Сафаров ва илова намуд, ки “донишҷӯёни мо бо ғалабаҳои бадастоварда қонеъ нагардида, дар оянда низ барои муаррифии Тоҷикистон ва содиқ будан ба боварии Пешвои миллат кӯшиш хоҳанд кард».
Маврид ба зикри хос аст, ки варзишгари 22-солаи тоҷик Беҳрӯзи Хоҷазода дар Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо, ки дар шаҳри Сочии Федератсияи Россия баргузор гардид, дар вазни 74 кило соҳиби ҷои аввал гардид. Ӯ баъди 42 соли интизорӣ дастоварди ҷаҳонпаҳлавони тоҷик Саидмӯъмин Раҳимовро такрор кард ва унвони чемпиони ҷаҳон оид ба самборо ба даст овард.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






