ЭҲТИЁТ – НИМИ ҲАЁТ! Дар роҳи Душанбе – Хуҷанд 4 нафар шаҳрвандон ба ҳалокат расиданд
ДУШАНБЕ, 16.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар дода будем, тайи чанд рӯзи охир дар шоҳроҳи мошингарди Душанбе – Чаноқ, алалхусус аз километри 47 то 160-уми он боришоти бардавом ва башиддати барф идома дорад. 15 феврал ҳангоми тармафароӣ дар қитъаи 69 –уми ҳамин роҳ ду мошини сабукрав, ки аз Душанбе ба самти Хуҷанд ҳаракат мекарданд, зери барф монданд.
Тавре сардори маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Умеда Юсуфӣ ба АМИТ «Ховар» хабар дод, гурӯҳҳои наҷотбахш рӯзи 15 феврал дар километри 69-уми шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд аз зери тармаву барф 7 нафарро наҷот доданд.
Ба наҷотёфтагон аввалин кумаки тиббӣ расонида шуда, онҳо ба ҷойи бехавф бурда шуданд. Ҳамаи онҳо аз бистарӣ шудан дар бемористон худдорӣ карданд.
Умеда Юсуфӣ ҳамчунин иттилоъ дод, ки дирӯз, соати 18:00 ҳангоми баргаштан аз осоишгоҳи «Хоҷа Оби гарм» ба самти шаҳри Душанбе як мошини сабукрав ба ҷарии 420-метра сарозер шуда, 4 нафар шаҳрвандони дохили он ба ҳалокат мерасанд.
«Бо мусоидати кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва Вазорати корҳои дохилӣ 3 ҷасад ёфт гардида, ҷустуҷӯи 1 нафари дигар идома дорад», -гуфт У.Юсуфӣ.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони мамлакат ва меҳмонони он мерасонад, ки тибқи иттилои Агентии обуҳавосанҷии Тоҷикистон то 17 феврали соли равон бориши барфу борон қатъ нагардида, ҳамчунин резиши санг дар минтақаҳои кӯҳӣ аз эҳтимол дур нест.
Дар ҳамин иртибот аз аҳолии ҷумҳурӣ хоҳиш карда мешавад, ки аз сафар ба манотиқи хавфнок, роҳҳои тармахезу сангрези кӯҳӣ худдорӣ намоянд. Ронандагон ҳангоми ҳаракат масофаро ҷиддан риоя намоянд ва суръатро боло набаранд.
ЭҲТИЁТ КУНЕД ВА ҲАЁТИ ХУДУ АТРОФИЁНРО ДАР ХАТАР НАГУЗОРЕД!
Агар шумо дар роҳҳо шоҳиди ҳодисае шудед ва агар лағзиши тармаро дидед, фавран ба хадамоти наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ бо телефонҳои 223 13 11; 221 91 19 ва ё 112 хабар диҳед.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба солгарди таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор гардид
Дар Хадамоти алоқа ба муносибати Рӯзи ҳуқуқи инсон ҳамоиш доир шуд
ZET-MOBILE иқдоми навро оғоз кард: тарофаҳои «SUPER Қувва» бо тахфифи 50%
Дар Ёвон бахшида ба 31-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон-пояи устувори мафкураи сиёсӣ дар роҳи ташаккули давлатдории миллӣ
Дар Шаҳринав бо сокинон ва соҳибкорон оид ба истифодаи самараноки неруи барқ вохӯрӣ доир шуд
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи ҳуқуқи инсон ҳамоиш баргузор мегардад
Комрон Кенҷаев: «Мо шабакаро дар тамоми ҳудуди Хатлон бунёд карда, муосир мегардонем»






