Эйчиро Чо аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар терминали боркашонии фурудгоҳи Душанбе изҳори қаноатмандӣ намуд

Февраль 19, 2018 09:39

ДУШАНБЕ, 19.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Директори генералии Департаменти ҳамкории молиявӣ ва роҳандозии лоиҳаҳои грантии дафтари маркази JICA Эйчиро Чо зимни сафари корӣ дар Тоҷикистон аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар терминали боркашонии Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе (ФБД) изҳори қаноатмандӣ намуд.

Эйчиро Чо ҳамзамон бо имкониятҳои Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе шинос гардида, ба корҳо дар татбиқи лоиҳа-бунёди Терминали боркашонии фурудгоҳ, ки дар миқёси Осиёи Марказӣ назир надорад, баҳои баланд дод.

Бояд тазаккур дод, ки дар асоси протоколи сеҷонибаи ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе», Агентии Япония оид ба рушди байналмилалӣ JICA ва Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 июни соли 2014 миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Япония оид ба ҳамкории байналмилалӣ JICA вобаста ба лоиҳаи «Беҳтар намудани Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» созишномаи грантӣ баста шуд. Тибқи он Ҳукумати Япония барои сохтмони терминали боркашонии фурудгоҳи Душанбе ва харидории системаи фуруди автоматии ҳавопаймоҳо (системаи ILS), системаи чароғакҳои роҳнамоикунанда барои фурудоии аниқи ҳавопаймоҳо (системаи PALS) ва таҷҳизоти коркарди борҳо барои терминали боркашонӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи тақрибан 17,5 млн. доллар грант ҷудо намуд. Дар натиҷаи тендери байналмилалӣ ба Тоҷикистон аз Норвегия, Белгия, Германия ва Япония таҷҳизот ворид карда шуданд. Моҳи марти соли 2017 системаҳои мазкур дар фурудгоҳи Душанбе насб гардида, баъди санҷиш ба кор дароварда шуданд. Сохтмони терминал ба ду қисм — сохтмони терминали боркашонӣ ва барқтаъминкунӣ ва ободонии атрофи он ҷудо карда шудааст. Татбиқи марҳилаи аввали сохтмони терминали боркашонии ФБД 20 феврали соли 2017 оғоз гардид.

31 майи соли 2017 созишномаи нави грантӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Япония JICA ба имзо расид. Дар асоси созишномаи мазкур Ҳукумати Япония барои анҷом додани сохтмони қисми дуюми терминали боркашонӣ 3,2 миллион доллар ҷудо кард.

Инчнуин моҳи июли соли гузашта миёни ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» ва ширкати «ДАИ Ниппон Констракшин» барои амалисозии қисми дуюми сохтмони терминали боркашонӣ қарордод ба имзо расид. Сохтмони қисми дуюми терминали боркашонии фурудгоҳи Душанбе моҳи декабри соли 2017 оғоз ёфт. Тибқи нақша Терминали боркашонӣ моҳи июни соли 2018 ба истифода дода хоҳад шуд.

Февраль 19, 2018 09:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ