Эмомалӣ Раҳмон: «Ман ба ғайрату матонат, далериву шуҷоат ва ҳисси баланди миллии афсарону сарбозони бонангу номуси Ватан бовар дорам ва аз онҳо ифтихор мекунам»

Февраль 23, 2018 12:09

ДУШАНБЕ, 23.02.2018/АМИТ «Ховар»/.  Риояи қатъии қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ ва интизоми ҳарбӣ дар фаъолияти ҳар як ҷузъу томи низомӣ яке аз масъалаҳои асосӣ ба ҳисоб меравад. Ин нуктаро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 23 феврал зимни суханронӣ дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 25-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баён карданд.

Сарвари давлати  Тоҷикистон  зикр карданд, ки давлати  мо роҳи бунёди ҷомеаи ҳуқуқбунёдро интихоб намудааст, ки яке аз ғояҳои асосии он таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад. Бинобар ин, риояи талаботи ойинномаҳои умумиҳарбӣ ва интизоми қатъӣ, баланд бардоштани малакаву маҳорати касбӣ ва омодагиву омодабошии ҷангии ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ, мунтазам такмил додани донишҳои сиёсиву низомӣ, густариши ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси ватандӯстиву садоқатмандии хизматчиёни ҳарбӣ бояд ҳамеша дар маркази диққати ҳар як роҳбари ҷузъу томҳои низомӣ қарор дошта бошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид карданд, ки шубҳае нест, ки ҳайати шахсии ҷузъу томҳои ҳарбии мамлакат анъанаҳои хуби Қувваҳои Мусаллаҳро идома бахшида, минбаъд низ ҳифзи зиндагии осоишта ва заҳмати созандаи халқи хешро бо интизоми қавӣ, донишу малакаи муосир, рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва садоқат ба касби бошарафу муқаддаси худ – ҳимояи амнияту оромии Ватани маҳбубамон сарбаландона иҷро менамояд. Хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ бояд аз гузаштаи пурифтихору ибратомӯзи миллати фарҳангиву сулҳдӯст, соҳибмаърифату тамаддунсоз ва ободгару созандаи тоҷик сабақи мардонагӣ гирифта, ба Ватани аҷдодии худ, давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва миллати тоҷик ҳамеша содиқона хизмат намоянд.

Бо дахли далериву матиниродагии сарбозону афсарони Артиши миллӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зикр карданд, ки «ман ба ғайрату матонат, далериву шуҷоат ва ҳисси баланди миллии афсарону сарбозони бонангу номуси Ватан бовар дорам ва аз онҳо ифтихор мекунам.  Бо итминони комил изҳор медорам, ки афсарону сарбозони шуҷои Қувваҳои Мусаллаҳ ба савганди ҳарбии худ содиқ монда, рисолати фарзандии худро дар назди Ватан, миллат ва давлати худ ҷавонмардона адо мекунанд ва тамоми донишу таҷриба, малакаву маҳорати худро ба хотири ҳифзи дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ сафарбар месозанд», зикр карданд Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон

Февраль 23, 2018 12:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Бохтар аз ҷониби Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 933 чорабинӣ доир карда шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 45 миллион адад дору ва молҳои тиббӣ истеҳсол гардидаанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
28 июл дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти шашмоҳаи якуми соли 2025 нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон дар беш аз 526 ҳазор метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода дода шудаанд
Байни Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти миллии тадқиқоти амниятии Муғулистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳарорат ба 38 дараҷа мерасад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Тоҷикистон мубодилаи почтаро бо Русия барқарор намуд
Сокинони деҳаҳои Ҷамоати деҳоти Навободи шаҳри Турсунзода бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин гардиданд
Барои кормандони мақомоти молияи минтақаи Рашт машварати омӯзишӣ гузаронида шуд
25 июл дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд