ФУТБОЛ: дастаи «Панҷшер» бар дастаи «Локомотив Помир» ғалаба кард

Февраль 9, 2018 10:07

ДУШАНБЕ, 09.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор байни  дастаҳои футболи «Панҷшер»-и Ҷалолиддини Балхӣ ва «Локомотив Помир»-и Душанбе дар доираи даври якуми Ҷоми ФФТ бозӣ баргузор гардид.

Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба  хабарнигори  АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, футболбозони дастаи «Панҷшер» аз оғоз то анҷом бозиро дар ихтиёр дошта, ба дарвозаи рақибон чор гол равон намуданд. Бозингарони дастаи футболи  «Локомотив Помир» низ ба задани ду гол муваффақ шуданд. Дастаи футболи «Панҷшер» даври якуми Ҷоми ФФТ-ро бо пирӯзӣ оғоз кард.

Ёдовар мешавем, ки бозиҳои дигари  даври якуми Ҷоми ФФТ бо чунин натиҷа хотима ёфтанд: дастаи   КМВА «Помир»-и  Душанбе  бар дастаи  футболи «Истаравшан» -и Истаравшан бо  ҳисоби  3:0 ғолиб омад. Дастаи футболи   «Истиқлол»-и  Душанбе бар  дастаи  «Вахш»-и Қӯрғонтеппа  бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд. Дастаи  футболи   «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода  бар дастаи футболи «Ашт»-и Ашт бо ҳисоби калони 5:0 ғолиб омад.

Хотиррасон  менамоем,ки  бозиҳои гурӯҳи «А» дар Варзишгоҳи марказии шаҳри  Ҳисор ва гурӯҳи «Б» дар Варзишгоҳи марказии  шаҳри  Душанбе баргузор  гардида истодаанд.

Ба иттилои мақомоти Лигаи футболи Тоҷикистон, ба марҳилаи финалии Ҷоми ФФТ ба ҷойи дастаи «Барқчӣ»-и Ҳисор  дастаи  «Локомотив-Помир»-и  Душанбе роҳ дода шуд. Зеро дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон, ки аслан аз ҳисоби бозингарони дастаи «Барқчӣ» таркиб ёфтааст, ҷамъомади таълимиву тамриниашро дар Туркия мегузаронад.

Тибқи дастури мусобиқот, барои Ҷоми ФФТ аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ба нимфинал мебароянд. Баъдан ғолибони бозиҳои нимфиналӣ дар финал рақобат мекунанд. Дастаҳои мағлубшуда барои ҷойи сеюм мубориза мебаранд. Бозиҳои ҳалкунандаи Ҷоми ФФТ 16  феврал баргузор мешаванд.

 

 

Февраль 9, 2018 10:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд