ФУТЗАЛ: имрӯз бозии дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо дастаи Кореяи Ҷанубӣ доир мегардад

Февраль 5, 2018 12:35

ДУШАНБЕ, 05.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи  мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал дар бозиҳои гурӯҳии Чемпионати Осиё-2018 имконияташро барои баромадан ба даври навбатӣ аз даст дод.

Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба  хабарнигори  АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар бозии дуюми гурӯҳӣ футзалбозони мо аз дастаи  мунтахаби Ӯзбекистон бо ҳисоби 4:2 мағлуб шуданд. Голҳоро аз ҳайати мунтахаби мо Умед Кузиев ва Дилшод Саломов ба ҳадаф расониданд. Дастаи  мунтахаби Ӯзбекистон то ҳол ягона дастае мебошад, ки роҳхати даври ¼-финалии Чемпионати Осиё-2018-ро соҳиб гардидааст.

Ёдовар мешавем, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон шомили гурӯҳи «В» мебошад, ки ба гурӯҳи мазкур дастаҳои мунтахаби қавии Осиё, аз ҷумла, Япония, Ӯзбекистон ва Кореяи Ҷанубӣ шомиланд. Дастаи  Япония дар рейтинг ё худ раддабандии мамлакатҳои Осиё дар зинаи дуюм ва  дастаи  мунтахаби  Ӯзбекистон дар зинаи чорум қарор доранд.

Хотиррасон менамоем, ки дар бозиҳои гурӯҳии муқаддамотӣ дастаи мунтахаби Тоҷикистон  5  феврал бо дастаи мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ дидор анҷом медиҳад. Оғози бозӣ соати 13:30 ба вақти Душанбе дар назар аст.

Февраль 5, 2018 12:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Данғара фестивали бозиҳои миллӣ бо шукуҳи хосса баргузор шуд
Лигаи футболи Тоҷикистон дар остонаи мавсими нав барои комиссарон семинари омӯзишӣ баргузор кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футболи электронӣ нахустин маротиба дар мусобиқаи FIFAe Nations League иштирок мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол бо тими Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ду бозии дӯстона доир мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол дар Душанбе ба машқҳои дастҷамъона фаро гирифта шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Ҷопон дар мусобиқаи байналмилалӣ иштирок кард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) оид ба футбол дар «Ҷоми рушд-2026» ҷойи панҷумро соҳиб гардид
Дастаҳои футболи Тоҷикистон бо дастурҳои навшудаи доварон барои мавсими 2026 шинос шуданд
Дар Душанбе оид ба ҳуқуқҳои байналмилалии футбол ва идоракунии бошгоҳҳо машғулият баргузор гардид
Дастаи «Ҳулбук»-и Восеъ ғолиби Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2026 шуд
ҶОМИ ФФТ-2026. Имрӯз бозии финалии дастаҳои «Барқчӣ»-и Ҳисор ва «Ҳулбук»-и Восеъ доир мегардад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқаи «Ҷоми рушд-2026» иштирок мекунад