Гулнора Ҳасанзода: «Дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ фарогирии ҳисоботи оморӣ пурзӯр карда мешавад»
ДУШАНБЕ, 16.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор мегардад, ки фарогирии ҳисоботи омориро дар мавриди ба ҷумҳурӣ ворид гардидани сайёҳони хориҷӣ пурзӯр намояд. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотии ин ниҳод директори Агентии омор Гулнора Ҳасанзода дар ҷавоб ба суоли мухбири АМИТ «Ховар» иброз дошт.
Гулнора Ҳасанзода иттилоъ дод, ки «дар Агентии омор вобаста ба ин самт Шӯрои методологии доимӣ фаъолият менамояд. Дар робита ба ин масъала Шӯрои мазкур дар якҷоягӣ бо Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баҳисобгирии шумораи сайёҳон корҳоро шурӯъ намудаанд. Албатта, то ин вақт дар ин самт аз тарафи мо ҳисобот қабул карда мешуд, аммо то ҳол методологияи он мукаммал набуд».
Ба гуфтаи Гулнора Ҳасанзода, онҳо тасмим гирифтаанд, ки як низомномаи муайянеро барои ба ҳисоб гирифтани ҳунарҳои халқие, ки дар ин сол аз тарафи мардуми мо эҳё мегарданд, тартиб диҳанд. Он метавонад ин ҳунарҳоро ба таври куллӣ инъикос карда, ба маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ворид кунад.
Зимни нишаст таъкид карда шуд, ки соли сипаригардида тибқи маълумоти оморӣ, ба ҷумҳурӣ 431 ҳазор нафар шаҳрвандони хориҷӣ ба ҳайси сайёҳ дохил гардидаанд.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






