Хиёбони марказии ноҳияи Ванҷ ва кӯчаҳои он комилан навсозӣ мешаванд

Февраль 15, 2018 11:27

ХОРУҒ, 15.2.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳурӣ  хиёбони  марказии ба номи Исмоили Сомонии ноҳияи Ванҷ ва кӯчаҳои маркази он комилан навсозӣ мешаванд. Муовини аввали раиси ин ноҳия Одинашоҳ Мардов гуфт, ки бо афзоиши босуръати аҳолӣ ва мошинҳои мусофирбару боркаш зарурати навсозии роҳи марказии ноҳия ва роҳи пиёдагард ба миён омад. Аз ин рӯ мақомоти иҷроияи ҳукумати маҳаллии ноҳия барои васеъ ва ҳамвор намудани роҳи марказӣ муроҷиат кард. Ҳукумати ҷумҳурӣ барои ҳамворсозии роҳ ва асфалтпӯш кардани он 17 миллион сомонӣ ҷудо кард. Айни замон сарфи назар аз иқлими сарди кӯҳистон ба маблағи 13 миллион сомонӣ корҳои сохтмонӣ анҷом дода шудаанд.

Дар баробари таҷдиди роҳи мошингарду пиёдагард ҳамчунин ҷӯйборҳои ҳарду тарафи роҳ ба таври замонавӣ сохта мешаванд. Ширкати «Помирэнерҷӣ» ба уҳда гирифтааст, ки ин роҳро бо чароғҳои барқӣ таъмин созад.

Ба иттилои муовини аввали ин ноҳия, Ҳукумати ҷумҳурӣ ва шахсан Пешвои миллат барои беҳтар намудани сатҳи зиндагии сокинони кӯҳистон аз ҳамаи тадбирҳои имконпазир истифода мебаранд. Дар давоми се соли охир барои бунёди биноҳои маъмурию иҷтимоӣ, тандурустию таълимӣ ва фарҳангӣ бештар аз 250 миллион сомонӣ масраф кардаанд.

Соли равон бинои сеошёнаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва бинои сеошёнаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 4 дар маркази ноҳия бо зиёда аз 400 ҷои нишаст мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд.

 

 

Февраль 15, 2018 11:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд