ИНТОКСИКАТСИЯ? Дар ноҳияи Ишкошим шумораи заҳролудшудагон ба 34 нафар расид

Февраль 13, 2018 14:50

ДУШАНБЕ, 13.02.2018 /АМИТ «Ховар»/.  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки шумораи сокинони ноҳияи Ишкошим, ки аз гандум заҳролуд шудаанд, ба 34 нафар расид.

Ёдовар мешавем, ки 17 январи соли равон   5 нафар  сокинони ҷамоати  деҳоти Питупи ноҳияи Ишкошими  ВМКБ бо гумони заҳролуд шудан ба  Беморхонаи вилоятии клиникии шаҳри Хоруғ   интиқол дода шуда, фавран бистарӣ  карда шуданд.

Тавре аз Вазорати мазкур  иттилоъ доданд, баъд аз расидани ин маълумот як гурӯҳ  мутахассисони Вазорати тандурустӣ ба ҷои ҳодиса равон  карда шуданд. Аз ташхисҳо маълум гардид, ки сабаби заҳролуд шудани одамон гандуме будааст, ки аз ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон    ба ноҳияи Ишкошим овардаанд. Чунин навъи заҳролудшавиро дар илми тиб интоксикатсия меноманд.

Ба иттилои Вазорат, баъд аз  муоина ва ташхиси пурра  аз ҷониби мутахассисони  вилоятиву ҷумҳуриявӣ дар беморони бистаригардида ташхиси «Заҳролудшавӣ бо тухми гелиотроп. Гепатити гелиотропӣ», ки дар таркиби орд ёфт гардид,     муайян карда шуд.

«Дар натиҷаи андешидани тадбирҳои зарурии табобатӣ,  вазъи саломатии ду кӯдаки дар ҳолати вазнин қарордошта нисбатан мӯътадил гардид. Мутаассифона, новобаста аз табобати  таъйингардида, ҳолати яке аз кӯдакони дар бахши наҷот  бистарибуда, бемор Диноршо Қурбонбеков, соли таваллудаш  2009 ниҳоят вазнин гардида, ӯ 31 январи соли 2018 аз норасоии фаъолияти узвҳо фавтид»,- хабар дод манбаъ.

Тамоми нафарони алоқаманд ба қазияи мазкур, аз ҷумла, қариб 160 нафар, ки сокинони ноҳияи Ишкошим мебошанд, аз муоинаи табибон  ва ташхиси фаросавтӣ гузашта, намунаи хуни онҳо ҷиҳати анҷом додани ташхиси биокимиёвӣ гирифта шуд.

Ба иттилои манбаъ, дар айни ҳол дар Беморхонаи вилоятии клиникии шаҳри Хоруғ 12 нафар  кӯдакон ва 22 нафар калонсолон бистарӣ буда, ҷиҳати назорати пайвастаи беморон  аз ҳисоби мутахассисони соҳибтаҷриба  навбатдории иловагӣ роҳандозӣ шуда,  таъминот бо доруворӣ ва лавозимоти зарурӣ  ба роҳ монда шудааст.

Гурӯҳи кории иборат аз мутахассисони мақомоти дахлдор шурӯъ аз рӯзи якуми ҳодисаи мазкур дар муддати як ҳафта дар ҷамоатҳое, ки сокинони онҳо гандуми заҳролудгардидаро  харидорӣ кардаанд, аз ҷумла, дар деҳаҳои Питуп, Лангар, Вичкут ва Туғгози  ноҳияи Ишкошим  санҷишҳо анҷом дод.

Дар маҷмӯъ    4 ҳазору 440 кг гандуми дорои тухми гелиотроп ва 85 кг орди заҳролудгардида аз мардум бозпас гирифта шуда, бо тартиби муқарраргардида  нобуд карда шуданд.

 

 

Февраль 13, 2018 14:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид