Иззатулло Сатторӣ, Вазири кишоварзиии ҶТ: «Бо дастури Пешвои миллат дар мавзеи Канаск 10 навъи картошкаи тезпази дараҷаи элита кишт гардид»
ДУШАНБЕ, 07.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади истифодаи самараноки захираҳои табиӣ дар мавзеи Канаск 174,5 га замини чарогоҳ, ҷангал ва санглохро аз буттаю алафҳои бегона ва санг тоза намуда, ба миқдори 308 тонна 10 навъи картошкаи тезпази дараҷаи элита кишт намуд.
Ин навъи картошка аз Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Беларус ворид карда шудааст. Дар ин бора Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Иззатулло Сатторӣ дирӯз зимни нишасти матбуотӣ ба намояндагони воситаҳои ахбори омма хабар дод.
Тавре АМИТ «Ховар» гузориш дода буд, 28 августи соли 2017 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари кории худ ба шаҳри Ваҳдат дар мавзеи Канаски ҷамоати деҳоти Ромит ба ҷамъоварии картошка расман оғоз бахшида, ҷиҳати самаранок истифода намудани захираҳои истифоданашуда дар назди вазорату идораҳои дахлдор вазифаҳои мушаххас гузошта буданд.
«Дар мавзеи Канаск ҳосили картошка ба миқдори 4236 тонна ҷамъоварӣ шуд, ки ба ҳар як гектар 243,0 сентнерӣ рост меояд. Бар асоси тавсияи Сарвари давлат ва бо мақсади омӯзиш дар масоҳати 16 гектар барои ҳосили соли 2018 картошкаи барвақтӣ кишт карда шуд»,- иброз намуд Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Соли равон бо ҷалби соҳибкорони ватанӣ аз Федератсияи Россия 295 тонна картошкаи тухмӣ ворид ва ба картошкапарварони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дастрас карда шуд.
Мавриди зикр аст, ки майдони умумии мавзеъи Канаск 40 ҳазор гектарро ташкил медиҳад ва иқлими он басо салқин ва табиаташ зебову назаррабо аст. Заминҳояш дар ду фасли сол – баҳору тобистон сабзпӯш мебошад. Мавзеи Канаск дар қисми шимолу шарқии шаҳри Ваҳдат дар баландии 2300-2500 метр аз сатҳи баҳр, дар масофаи 100 километр дурӣ аз маркази шаҳр ҷойгир мебошад.
Ин мавзеъ бо гиёҳҳои шифобахш, рӯди обаш сарду мусаффо ва чашмаи оби гарм барои истифодабарандагон, алалхусус чорвопарварон ва занбӯриасалпарварон, ки моҳҳои зиёд муқими ин ҷо мегарданд, басо созгор аст. Ҳамчунин ин мавзеъ барои парвариши картошкаи тухмӣ, ки аз барангезандаҳои касалию зараррасонҳо озод аст, мутобиқ мебошад. Фаровонии гулу гиёҳҳои шифобахшу шароити хуби экологии мавзеи Канаск барои парвариши занбӯри асал ва истеҳсоли асали аълосифат мусоид аст. Ин минтақа бо табиати зебову нотакрор барои рушди соҳаи туризм низ мувофиқ мебошад. Аз ин рӯ порсол Сарвари давлат дастур дода буданд, ки барои мусоидат ба рушди соҳаи сайёҳӣ, ҷалби сайёҳони дохилию хориҷӣ тамоми инфрасохтори бахши туризм, аз ҷумла бунёди роҳу дастрасии алоқаро таъмин намоянд.
Ёдовар мешавем, ки тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 ноябри соли 2016 Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии ёрирасони Канаск» таъсис дода шуда, аз моҳи апрели соли 2017 майдони умумии 40 ҳазор гектар заминҳои мавзеи Канаски деҳоти Ромити шаҳри Ваҳдат ба тавозуни корхона гузаронида шуд. Дар Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии ёрирасони Канаск» 45 нафар коргари доимӣ ва 35 нафар ба таври мавсимӣ ба кор ҷалб карда гардиданд. КВД «Хоҷагии ёрирасони Канаск» бо 37 хоҷагии чорвопарвар шартномаи ҳамкорӣ бастааст
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фаъолияти корхона ва пешбурди корҳои хоҷагидорӣ беш аз 800 ҳазор сомонӣ ҷудо намуданд. Баҳри мусоидат ба рушди соҳаи картошкапарварию занбуриасалпарварӣ Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин мавзеъ 340 тонна тухмии 10 навъи картошкаи тезпазак ва 600 оилаи занбуриасал дастрас кард.
Дар мавсими кишту кор аз ҳисоби Корхонаи воҳиди Давлатии ҷумҳуриявии «Тоҷикагролизинг» — и вазорат зиёда аз 13 адад техника ва дигар таҷҳизоти кишоварзӣ ба мавзеи Канаск сафарбар гардида, корҳои тахту ҳамворкунӣ, шудгор ва кишт ба анҷом расонида шуд. Дар мавзеи Канаск соли 2017 дар майдони 200 гектар кишти зироатҳои кишоварзӣ гузаронида шудааст, ки аз он 176 гектар картошка дар кишти асосӣ, наздики 4 гектар сабзавот ва 20 гектар картошкаи барвақтӣ мебошад. Аз ин миқдор замин Вазорати кишоварзӣ бо истифодаи тухмиҳои худӣ ба иҷоракорон ва ба як қатор мақомотҳои давлатию маҳаллӣ, вазоратҳои мудофиа ва корҳои дохилӣ 35 гектар картошка кишт пешниҳод кард.
Мутобиқи дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ масоҳати кишти картошкаи тухмиро дар соли 2018 ба 400 гектар васеъ намуда, ҳосили онро ба 16 ҳазор тонна мерасонад. Тухмии истеҳсолгардидаи картошкаи барвақтии мавзеъи Канаск асосан барои ба роҳ мондани кишти барвақтии картошка дар ноҳияҳои вилояти Хатлон ва водии Ҳисор истифода мегардад.