Кумитаи кор бо занон ва оила, Кумитаи забон ва истилоҳот ва Ширкати «Барқи Тоҷик» нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд

Февраль 13, 2018 15:59

ДУШАНБЕ, 13.02.2018. /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 14 феврали соли 2018  Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Ширкати саҳомӣ-холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик»  оид ба ҷамъбасти  фаъолият дар шашмоҳаи дуюми соли 2017 мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011 нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд.

Роҳбарони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо аз натиҷаҳои фаъолият дар нимаи дуюми соли гузашта маълумоти муфассал пешниҳод намуда, оид ба бурду бохти соҳа, муваффақият ва мушкилоти ҷойдошта, роҳҳои бартараф кардани онҳо мулоҳизаҳои худро изҳор дошта, ба саволҳои намояндагони воситаҳои ахбори омма ҷавоб мегӯянд.

Нишасти матбуотии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соати 9 дар толори Маркази матбуотии «Ховар», нишасти матбуотии Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соати 11 дар толори Маркази матбуотии «Ховар» ва нишасти матбуотии ШСХК «Барқи Тоҷик» соати 15 дар бинои Ширкати «Барқи Тоҷик» гузаронида мешаванд.

Хотиррасон мекунем, ки тибқи дастури Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият мекунанд, вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бо АМИТ «Ховар» ҷиҳати дар толори Маркази матбуотӣ гузаронидани онҳо бояд мувофиқа намоянд (хиёбони Рӯдакӣ, 40, ошёнаи 2, телефонҳои 918-21-52-04, 93 -512-12-88, 221-30-15).

Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузоршавии нишастҳои матбуотии вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» www.khovar.tj  бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр карда мешаванд.

Февраль 13, 2018 15:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Бишкек ҷаласаи якуми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон баргузор гардид
ФУТБОЛ. Дастаҳои асосӣ ва ҷавонони «Вахш» бо медалҳои нуқра ва биринҷӣ мукофотонида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Тарофаи мобилӣ – мувофиқи талаботи шахсии шумо
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
12 феврал дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии пешгирии экстремизми хушунатомез дар шаҳри Турсунзода ҳамоиш баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии занон ва духтарон дар соҳаи илм конфронси байналмилалӣ доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳои Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор мегардад