КВД «Обу корези Душанбе»: «Сокинон бояд ба талафоти оби нӯшокӣ ва зимни пардохти ҳаққи истифода ба кашолкорӣ роҳ надиҳанд»
ДУШАНБЕ, 13.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин омадааст: «Дар давоми 26 сол дар мамлакат барои таъмин намудани аҳолӣ ва соҳаҳои иҷтимоӣ бо оби тозаву босифати нӯшокӣ, ки омили асосии ҳифзи саломатӣ мебошад, ба маблағи қариб 1 миллиард сомонӣ лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ва кумаки берунӣ амалӣ гардида, дар ин самт татбиқи лоиҳаҳо боз ба маблағи 1,2 миллиард сомонӣ идома дорад».
Дар ин робита, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳамкориро бо институтҳои байналмилалии молиявӣ ва дигар ташкилотҳои сармоягузор густариш дода, аз ҷумла, дар самти таъмини сокинон бо оби ошомиданӣ тадбирҳои муҳим амалӣ менамояд.
Тавре сардори Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Абдумаҷид Ҳакимзода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, аз ҷониби мутахассисони Бонки ҷаҳонӣ корҳои асосноккунии иқтисодӣ – техникии «Лоиҳаи нави обтаъминкунӣ ва беҳдоштии шаҳри Душанбе» идома дошта, аз нимаи дуюми соли 2018 барои соҳаи обтаъминкунию корези шаҳри Душанбе аз ҷониби Бонки мазкур 40 миллион ва аз ҷониби Бонки осиёии рушд 35 миллион доллари ИМА ҷудо мегардад.
«Бояд хотирнишон сохт, ки муҳлати анҷоми «Лоиҳаи дуюми обтаъминкунии шаҳри Душанбе», ки 31 декабри соли 2015 пешбинӣ гардида буд, то 30 сентябри соли 2018 тамдид гардид. Ҳадафи Лоиҳаи мазкур — ин беҳтарсозии самаранокии фаъолияти КВД «Обу корези Душанбе» дар ноҳияҳои фарогирифташудаи пойтахт аст. Ин Лоиҳа аз чаҳор қисмат иборат буда, қисмати аввали он баҳисобгирии об ва идораи талабот ба он дар пойтахт аст», — гуфт А. Ҳакимзода.
Тавре масъулини КВД «Обу корези Душанбе» иттилоъ доданд, алҳол дар доираи маблағгузории иловагии ин лоиҳа корҳои аз байн бурдани иншооти кӯҳна ба итмом расида, сохтмони дуюми пойгоҳи полоишии «Худҷорӣ» оғоз шудааст.
Дар асоси қарордодҳо таҷҳизонидани иншооти нав бо филтрҳои иловагию қубурҳои магистралӣ ба нақша гирифта шуда, ширкати мушовирии «КЕС консалтинг инжиниринг групп»-и Германия ҷараёни ин корҳоро назорат менамояд. Ҳамчунин ҷиҳати насб намудани таҷҳизот барои сарфаи қувваи барқ иваз намудани қубурҳои магистралӣ, ба қитъаҳои фишорӣ ҷудо намудани шабакаҳои обрасон барои кам намудани талафоти об дар КВД «Обу корези Душанбе» ва харидории системаҳои коммуникатсионию ҳисоботдиҳӣ, ки маблағи умумиашон зиёда аз 2 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад, ба нақша гирифта шудаанд.
Бояд ёдовар шуд, ки дар доираи татбиқи «Лоиҳаи дуюми обтаъминкунии шаҳри Душанбе» дар давраи панҷсолаи он, ки аз 12 октябри соли 2011 то соли 2015-ро дар бар мегирифт, бо арзиши умумии 30 миллион доллари амрикоӣ маблағҳои сармоявии Бонки ҷаҳонӣ ва саҳмгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар як қисм хонаҳои истиқоматии сокинони пойтахт обҳисобкунакҳо насб шуданд. Бо идомаи амалишавии Лоиҳаи мазкур дар тамоми хонаҳои истиқоматии сокинон ва дигар муассисаву корхонаҳои пойтахт обҳисобкунакҳо насб мешаванд.
Татбиқи лоиҳаҳои мазкур имкон фароҳам меорад, ки камбудиву норасоиҳо дар хизматрасониҳои коммуналӣ, бахши обтаъминкунию корезии пойтахт пурра бартараф гардида, аҳолӣ ва соҳаҳои иҷтимоии пойтахт бо оби тозаву босифати нӯшокӣ таъмин гарданд.
КВД «Обу корези Душанбе» аз тамоми сокинони пойтахт даъват ба амал меорад, ки ба талафоти об роҳ надода, ҳаққи хизматрасонии онро сари вақт партохт намоянд. Мутаассифона, баъзе сокинон дар пардохти ҳаққи хизматрасонии коммуналӣ ба кашолкорӣ роҳ медиҳанд, ки он ба фаъолияти самараноки сохторҳои ба онҳо марбут халал ворид менамояд.
«Муштариён доир ба нархномаи хаққи хизматрасониҳо ва дигар масъалаҳои бахши обтаъминкунию корезии пойтахт метавонанд аз сомонаи КВД «Обу корези Душанбе» маълумоти муфассал пайдо намоянд», — иброз доштанд масъулини ин корхона.
Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»













АЗ НАВОВАРӢ ТО РУШДИ УСТУВОР. Мавқеи Душанбе ҳамчун маркази сайёҳӣ дар минтақа тақвият меёбад
Рустами Эмомалӣ бо мақсади бунёди Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ бо бостоншиносону таърихнигорон вохӯрӣ намуданд
Имрӯз иҷлосияи чоруми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир гардид
ДУШАНБЕ-ШАҲРИ САБЗ. Дар пойтахт зиёда аз 12 миллион дона гулҳои мавсимию бисёрсола шинонида мешаванд
Бо иштироки 2500 нафар кӯдакон дар Душанбе барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор гардид
Дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал оғоз гардид
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Озмуни «Беҳтарин маводи телевизионӣ, матбуотӣ ва радиоӣ дар шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
«QR-РОҲНАМО». Шаҳри Душанбе ба марҳилаи нави сайёҳии рақамӣ қадам мегузорад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ бо иштироки 20 ҳазор нафар ҳамоиши идона доир шуд
Рустами Эмомалӣ бо Сафири Чин дар Тоҷикистон Го Ҷитзюн мулоқот намуданд
Дар Душанбе даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунарманди сол» ҷамъбаст гардид






