Маҳмадшариф Ҳақдод бо Георгий Вершина мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 22.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи миллии техникии Беларус (ДМТБ) 19 феврал вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Маҳмадшариф Ҳақдод бо муовини якуми ректори ДМТБ Георгий Вершина баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории илмию омӯзишӣ, таҳсили шаҳрвандони Тоҷикистон дар ДМТБ, инчунин афзоиши теъдоди донишҷӯёни тоҷикистонӣ дар донишгоҳи мазкурро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Муовини якуми ректор Сафири Тоҷикистонро бо имкониятҳои илмию таълимӣ ва инфрасохтории ДМТБ ба таври муфассал шинос намуда, дар бораи пешрафти донишҷӯёни тоҷикистонӣ сухан кард.
Зикр гардид, ки солҳои охир ҳамкорӣ миёни ду давлат дар соҳаҳои илму маориф босуръат рушд дорад. Махсусан, агар солҳои 2010-2011 дар донишгоҳҳои Беларус ҳамагӣ 47 донишҷӯ аз Тоҷикистон таҳсил кардаанд, пас шумораи онҳо имрӯз ба зиёда аз 700 нафар расидааст, ки 183 нафарашон таҳсилкунандагони ДМТБ мебошанд.
Сипас, вохӯрии Сафир М.Ҳақдод бо донишҷӯёни ДМТБ- шаҳрвандони Тоҷикистон доир гардид, ки зимни он дипломати тоҷик оид ба муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Беларус, бахусус роҷеъ ба ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷорату иқтисод ва гуманитарӣ ба донишҷӯён маълумоти муфассал дод. Инчунин М.Ҳақдод оид ба зарурати густариши ҳамкории дуҷониба дар соҳаи маориф ва илм таваҷҷуҳ зоҳир кард.
Донишҷӯён дар мулоқот саволҳои барояшон заруриро пурсон шуда, дар бораи шароити таҳсил ва буду бош дар Минск ибрози андеша карданд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






