МАЪРӮЗАИ РАМАЗОН РАҲИМЗОДА ДАР ҚАСРИ ХОФБУРГ. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби СММ ва САҲА шарики боэътимод дар минтақаи Осиёи Марказӣ арзёбӣ гардид

Февраль 15, 2018 17:44

ДУШАНБЕ, 15.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар қароргоҳи Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), ки дар Қасри бошукуҳи императории Хофбурги пойтахти Ҷумҳурии Австрия  шаҳри Вена воқеъ аст,  ҷаласаи навбатии Шӯрои амниятии  САҲА баргузор гардид.

Дар ҷаласаи мазкур Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода сухан гуфта, ҳозиринро бо ҷараёни ислоҳоти милитсия ва корҳои дар ин раванд анҷомдодаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилӣ, инчунин густариши муносибатҳо бо САҲА шинос намуд.

Тавре аз Вазорати корҳои дохилӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, маърӯзаи Р. Раҳимзода аз ҷониби   давлатҳои  аъзои САҲА хуб пазируфта шуд. Намояндагони Словакия, Булғория, ИМА, Словения, Канада, Федератсияи Россия ва дигар кишварҳо назари худро вобаста ба маърӯзаи вазир мусбат арзёбӣ намуданд. Онҳо ташаббус ва кӯшишҳои Ҳукумати Тоҷикистонро ҷиҳати ислоҳоти милитсия дастгирӣ намуда,  ҷиҳати амалигардонии ислоҳоти мазкур изҳори қаноатмандӣ  карданд.

Зимни мулоқот масъалаҳои раванди ислоҳоти милитсия, пешгирии хатарҳои фаромиллӣ ва мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил баррасӣ гардиданд. Намояндагони СММ ва САҲА зикр карданд, ки Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ ҳамчун шарики боэътимод арзёбӣ шуда,  онҳо омодаанд иқдомҳои Тоҷикистонро дастгирӣ намоянд, зеро, ба гуфтаи онҳо,  Тоҷикистон дар хати  аввали муқовимат бар зидди ҷиноятҳои фаромиллӣ, аз ҷумла терроризм ва маводи мухаддир  қарор дорад.

 

 

 

Февраль 15, 2018 17:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст