Марказҳои матбуотии Суди Олӣ, судҳои вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ташкил карда мешаванд

Февраль 21, 2018 15:00

ДУШАНБЕ, 21.02.2018 /АМИТ «Ховар»/.  Нимаи аввали имрӯз дар бинои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими расмии  баимзорасонӣ ва роҳандозии Лоиҳаи «Дастрасӣ ба иттилооти судӣ барои солҳои 2018-2019» баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз бахши иттилоотии Суди Олии мамлакат иттилоъ доданд.

Дар маросими мазкур раиси Суди Олӣ Шермуҳаммад Шоҳиён, ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид ва Намояндаи доимии Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон Пратибха Меҳта,  Сафири Фавқулода ва Мухтори Шоҳигарии Норвегия дар Тоҷикистон Оле Йохан Бёрной ва дигар шахсони масъул иштирок доштанд.

Лоиҳаи мазкур аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Шоҳигарии Норвегия дар доираи Барномаи «Волоияти қонун ва дастрасӣ ба адолати судӣ» маблағгузорӣ карда мешавад. Лоиҳа ба такмили фаъолияти мақомоти судии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти дастрасӣ ба иттилооти боэътимод ва саривақтӣ оид ба фаъолияти судҳо, мусоидат дар таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор равона карда шуда, ҳамчунин навсозии сомонаҳои Суди Олӣ, судҳои вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе ва ташкил кардани сомонаҳои судҳои ВМКБ ва минтақаҳои Раштро дар бар мегирад.

Дар баробари ин, бо мақсади сари вақт ва холисона ба мардум расонидани фаъолияти судҳо тавассути воситаҳои ахбори омма дар Суди Олӣ, судҳои вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо марказҳои матбуотӣ  таъсис дода, шахсони маъул ба семинар-машғулиятҳо бо иштироки коршиносони ватанӣ ва хориҷӣ ҷалб гардида, гузаронидани конфронсҳои матбуотӣ, паҳннамоии варақаҳои матбуотӣ ва нашри иттилоот дар ВАО ба нақша гирифта шудааст.

Дар маҷмӯъ, Лоиҳаи мазкур баҳри баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва инъикоси баррасии парвандаҳои судии дорои аҳамияти ҷамъиятӣ тариқи сомонаҳои интернетӣ ва марказҳои матбуотӣ мусоидат менамояд.

Февраль 21, 2018 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст