Машварати корӣ оид ба омодагӣ ба ҷашнҳои миллӣ ва чорабиниҳои муҳими давлатӣ

Февраль 28, 2018 18:05

ДУШАНБЕ, 28.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҳузури Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода бо иштироки роҳбарони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ доир ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати омодагӣ ба ҷашнҳои миллию байналмилалӣ ва давлатӣ, аз ҷумла Наврӯзи байналмилалӣ, Рӯзи Модар, корҳои ободонӣ, кишту кори саҳроӣ ва гузаронидани ҳашарҳои умумӣ машварати корӣ доир гардид.

Зикр гардид, ки дар сатҳи баланд ва бо назардошти фарҳанги миллӣ ва урфу одатҳои мардумӣ таҷлил намудани ҷашнҳои миллӣ, бунёдкориву обод намудани ҳар гӯшаи диёр ба нуфузи байналмилалии кишвар таъсири мусбат мерасонад. Аз ин рӯ, зарур аст, ки либосҳои миллии тавсиявӣ ва доир намудани ҳашарҳои умумӣ пайваста миёни мардум тарғибу ташвиқ карда шаванд.

Ба тамоми масъулин тавсия дода шуд, ки вазифагузориҳо ва дастурҳои дар ин самт додашуда бояд саривақт ва бо сифати баланд анҷом дода шаванд.

 

Февраль 28, 2018 18:05

Хабарҳои дигари ин бахш

ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд