Мутахассисони соҳаи тиб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон табобат ва пешгирии бемории силро муайян мекунанд
ДУШАНБЕ, 21.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Оҷонсии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) 22-23 феврали соли равон дар меҳмонхонаи «Серена»-и шаҳри Душанбе дар мавзӯи «Усули ба бемор равонагардидаи табобати бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» семинари ҷумҳуриявӣ баргузор менамояд.
Тавре аз Вазорати мазкур хабар доданд, дар семинар қариб 100 нафар силшиносон, сиёсатмадорон ва мутахассисони соҳаи тандурустӣ, намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, USAID, Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (ТУТ), намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар мавзӯи мазкур мубодилаи афкор намуда, таҷриба, дастовард ва сабақҳои гирифтаро дар самти мубориза бар зидди бемории сил ва усулҳои ба бемор равонагардида баррасӣ мекунанд.
Иштирокчиёни семинар ҳамчунин маҷмӯи чорабиниҳои афзалиятноки таъмини дастгирии устувор, ҳамоҳангсозӣ ва татбиқи усулҳои ба бемор равонагардидаро дар ташхис, табобат ва пешгирии бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунанд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






