НАҚШ ВА МАВҚЕИ ЗАН — МОДАРИ ТОҶИК ДАР ПЕШБУРДИ ОИЛА БЕНАЗИР АСТ! Дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ доир ба тарғибу ташвиқи одоби шаҳрдорӣ бо сокинони маҳаллаи «Нодира» мулоқот доир гардид

Февраль 9, 2018 15:43

ДУШАНБЕ, 09.02.2017. /АМИТ «Ховар»/.  6 феврал тибқи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе дар толори Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҳизбии «Пайванд» мулоқоти судманди гурӯҳи таблиғотӣ оид ба тарғиби одоби шаҳрнишӣ, густариши корҳои ободонӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинони пойтахт бо бонувони аъзои ташкилоти мазкур ва сокинони маҳаллаи «Нодира»-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе хабар доданд.

Тавре иттилоъ дода мешавад, дар мулоқоти мазкур муовини Директори генералии ҶСК «Сементи тоҷик» Наима Мансурхонова, мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Заррина Зуҳурова, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Қурбонгул Қурбонмамадова, раиси Шӯрои собиқадорони ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Умриниссо Казакова, мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Фарзона Раҳимзода, мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино Мавзуна Мадаминова, мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Гулбону Бозорова, мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ Савриниссо Тоирова иштирок намуда, доир ба дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ,  нуктаҳои асосии Паёми солонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат, Қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ “Дар бораи таъсис додани гурӯҳи таблиғотӣ оид ба тарғиби одоби шаҳрнишӣ, густариши корҳои ободонӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинони шаҳри Душанбе”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  эълон гардидани соли 2018 ва дигар мавзӯъҳои муҳим сухан гуфтанд.

Аз ҷумла, мудири шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Заррина Зуҳурова доир ба нуктаҳои асосии Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат ва аз тарафи Президенти мамлакат Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018 ҳарф зад.

Раиси Шӯрои собиқадорони ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Умриниссо Казакова аз фаъолияти чанд зани муваффақи тоҷик дар сиёсати идоракунии давлат ёдовар шуда, нақш ва мавқеи зан — модари тоҷикро дар пешбурди оила беназир хонд.

Доир ба рафтори дурусту намунавии сокинони пойтахт дар гулгашту хиёбонҳои шаҳри Душанбе, ки яке аз рукнҳои асосии одоби шаҳрдорӣ ва шаҳрнишинӣ аст, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Қурбонгул Қурбонмамадова иброз дошт, ки «модарон бояд дар таълиму тарбияи фарзандон бетарафӣ накунанд ва аз ҷараёни таҳсили онҳо пайваста бохабар бошанд».

Ёдовар мешавем, ки 30 январ Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар бораи таъсис додани гурӯҳи таблиғотӣ оид ба тарғиби одоби шаҳрнишинӣ, густариши корҳои ободонӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинони шаҳри Душанбе  қарор ба имзо расонд, ки тибқи он гурӯҳи корӣ дар баробари моҳияти Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, инчунин одоби шаҳрнишинӣ ва пешгирии фарҳанги бегонапарастӣ, бемориҳои сироятӣ, нашъамандӣ, терроризму ифротгароиро миёни сокинони шаҳраку маҳаллаҳои пойтахт шарҳу тавзеҳ медиҳад.

Февраль 9, 2018 15:43

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ ВА ИННОВАТСИЯ. Татбиқи инноватсия дар фаъолияти китобдорӣ муҳим аст
Дар Бадахшон даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм- фурӯғи маърифат» ҷамъбаст гардид
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 30 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 сентябр, шанбе, 263-юмин рӯзи соли 2025 аст
Ҳамкории мақомоти ноҳияи Шаҳринав ва Сафорати Ҷопон дар самти рушди соҳаи маориф тақвият меёбад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Интернети хонагӣ бештар дастрас гардид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ИМА барои дастгирии аҳолии Тоҷикистон 75 тонна ғизои ғанигардонида кумак расонид
Сокинони Рашт ба густариш бахшидани худшиносию худогоҳии миллӣ ва ватандӯстӣ даъват карда шуданд
«Биё! Бисоз 2.0»: тарофаи шумо — қоидаҳои шумо
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад