Натиҷаҳои фаъолияти Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдаки шаҳри Душанбе дар соли 2017 ҷамъбаст гардиданд

Февраль 8, 2018 16:48

ДУШАНБЕ, 08.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  оид ба натиҷаҳои ҷамъбасти фаъолияти Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдаки шаҳри Душанбе   дар соли 2017 ҳамоиш доир  гардид.

Тавре сардори Раёсати иттилоот ва робитаи хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе  Абдумаҷид  Ҳакимзода   ба хабарнигори АМИТ «Ховар»  иброз дошт,   ҳамоиш  таҳти раёсати раиси комиссия, муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ  сурат гирифт.

Мавсума Муинӣ  зимни пешниҳоди ҳисобот оид ба фаъолияти  Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдаки  шаҳри Душанбе дар  соли сипаригардида,   аз ҷумла,  зикр намуд, ки комиссия дар ин давра масъалаҳои марбут ба ҷойгир намудани кӯдакон ба мактаб-интернатҳо, хонаи кӯдакон, фарзандхонӣ, коҳиш додани сатҳи ҷинояткорӣ, ҳуқуқвайронкунӣ миёни ноболиғон ва дигар мушкилоти ҷойдоштаро матраҳ  ва ҳал кардааст.

«Дар ин давра ба унвони Комиссия 605 ариза ва 221 мактуб ворид гардида, аз ин шумора 495 муроҷиатро мавзӯоти марбут ба ҷойгир намудани кӯдакон ба мактаб-интернатҳо ва хонаи кӯдакон ташкил медиҳанд», —  афзуд  раиси Комиссия.

Дар ҳамоиш ҳамчунин таъкид шуд, ки  бо ибтикори Комиссия Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар Муассисаи давлатии фарҳангиву фароғатии «Аҳорун» бо иштироки беш аз 1400 нафар кӯдакону наврасон, аз ҷумла, тарбиятгирандагони мактаб — интернатҳо, хонаи кӯдакони синни томактабӣ, тарбиятгирандагони боғча-  кӯдакистонҳо, ғолибони олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ таҷлил гардид.

Ҷиҳати ҳавасмандгардонӣ барои кӯдакони ятиму бепарастор, аз оилаҳои ниёзманд,  ғолибони олимпиадаҳои фаннии шаҳрӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ  намоишномаи солинавии кӯдакона таҳти унвони  «Шаҳри афсонаҳо» ташкил гардид, ки 1840 нафар  иштирокчии  он бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.

Ба иттилои масъулин,   соли 2017 аз ҷониби аъзои комиссия  бо мақсади пешгирӣ намудани ноболиғон аз ҳуқуқвайронкуниву    ҷинояткорӣ дар муассисаҳои таълимии пойтахт 122 вохӯриву         суҳбатҳо       ташкил   гардиданд.

Инчунин дар ҳамкорӣ бо масъулини      хадамоти пешгирии Вазорати корҳои дохилии чор ноҳияи шаҳри   Душанбе 1344 амалиёти муштарак гузаронида шуда, дар натиҷа      5556 нафар ноболиғоне, ки ба оворагардӣ, мошиншӯӣ, талбандагӣ, савдои кӯчагӣ ва ғайра машғул буданд, ошкор гардиданд.

«Ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдак, беҳдошти вазъи зиндагӣ, таълим ва тарбияи ноболиғони шаҳр ва ноҳияҳои он минбаъд низ таҳти назорати доимӣ қарор гирифта, ҷиҳати иҷрои босамари ваколату салоҳияти худ Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдаки шаҳри Душанбе тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ менамояд», -гуфта шуд дар ҳамоиш.

 

Февраль 8, 2018 16:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид