Нусратулло Давлатзода: «Як сабаби таъмин нагардидани нишондиҳандаҳои андоз пурра фаъолият накардани баъзе корхонаҳои калони саноатию хизматрасонӣ буд»
ДУШАНБЕ, 08.02.2018. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2017 нақшаи тасдиқшудаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ, ки ҷамъоварии онҳо ба зиммаи мақомоти андоз гузошта шудааст, ба андозаи 102,8% таъмин гардид. Ба ҷои 9 млрд. 318 млн. сомонии пешбинишуда ба буҷет 9 млрд 575,4 млн. сомонӣ ворид карда шуд, ки нисбат ба нишондиҳандаҳои пешбинишуда 257, 4 млн. сомонӣ зиёд аст. Ин маълумотро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода ба хабарнигорони воситаҳои ахбори омма пешниҳод намуд.
Тибқи маълумот, инчунин дар ин давра иҷрои нақшаи андоз аз арзиши иловашуда 91,8 % ва андози иҷтимоӣ аз ҳисоби корхонаҳои ғайрибуҷетӣ 97,2 % таъмин гардид.
Сабабҳои асосии таъмин нагардидани нишондиҳандаҳо доир ба андозҳои мазкурро раиси Кумитаи андоз Нусратулло Давлатзода дар кам шудани манбаъҳои андозбандии онҳо ва дар баробари ин зиёд гардидани ҳиссаи амалиёти аз андозбандӣ озод ва амалиёти бо меъёри пасткардашудаи 5-фоизаи андоз аз арзиши иловашуда андозбандишаванда дар баъзе соҳаҳо, инчунин дуруст ва пурра фаъолият накардани баъзе корхонаҳои калони саноатию хизматрасонӣ ва то ҳадди пешбинишуда афзоиш наёфтани шумораи коргарон ва музди меҳнати коргарони кироя вобаста донист.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд






