ОБУ ҲАВО: имрӯз дар қаламрави Тоҷикистон ҳавои нисбатан гарм дар назар аст
ДУШАНБЕ, 09.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳавои камабри тағйирёбанда ва бебориш пешгӯӣ карда шуда, дар баъзе ноҳияҳо вазиши сахти бод дар назар аст.
Имрӯз, 9 феврал ҳаво дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тағйирёбандаи абрнок мешавад. Дар ғарби вилоят шабона 9-14 дараҷа сард ва рӯзона 5 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар шарқи ин вилоят ҳаво шабона 20-25 ва рӯзона 3-8 дараҷа сард мегардад.
Ба иттилои Агентӣ, дар вилояти Суғд ҳаво абрноки тағйирёбанда шуда, шамол аз самти шарқ 4-9 ва дар баъзе ҷойҳо 20-25 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 3-8 дараҷа сард ва рӯзона 3-8 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар вилояти Хатлон ҳаво абрнок гашта, шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо ҳаво шабона аз 4-1 ва рӯзона 9-14 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи камабр ва бебориш шуда, шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 2-7 дараҷа сард ва рӯзона 10-15 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво шабона 4-6 дараҷа сард ва рӯзона 12 — 14 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Бино ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, ин гуна вазъи боду ҳаво то 13 феврал дар ҷумҳурӣ боқӣ хоҳад монд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад






