ОБУ ҲАВО: имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон боридани борон дар назар аст
ДУШАНБЕ, 24.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбандаи абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо боридани борон дар назар аст.
Имрӯз, 24 феврал дар вилояти Суғд ҳаво абрноки бебориш буда, шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 5-7 дараҷа ва рӯзона 10-12 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Ба иттилои Агентӣ, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки тағйирёбанда ва бориши борон пешгӯӣ шудааст. Ҳаво шабона -5-3 дараҷа сард ва рӯзона +3+5 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар вилояти Хатлон ҳаво тағйирёбандаи бебориш шуда, шамол аз самти шарқ шабона 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат шабона +8+10 ва рӯзона +14+16 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе ҳавои абрнок пешбинӣ шуда, дар нимаи рӯз боридани борон дар назар аст. Ҳаво шабона +6+8 ва рӯзона +12+14 дараҷа гарм мешавад.








Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд
ТАҶАЛЛИБАХШИ НИГИНИ ТОҶИ МИЛЛАТ. Андешаҳо дар мавриди арҷгузорӣ ба Зан-Модар






