ОБУ ҲАВО: имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон боридани борону барф дар назар аст

Февраль 12, 2018 10:02

ДУШАНБЕ, 12.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбандаи абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо боридани барфу борон дар назар аст.

Имрӯз, 12 феврал ҳаво дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тағйирёбандаи абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо боридани борону барф дар назар аст. Дар ғарби вилоят шабона 5-10 дараҷа сард ва рӯзона 1-6 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар шарқи ин вилоят ҳаво шабона 10-15 ва рӯзона 2-7 дараҷа сард мегардад.

Ба иттилои Агентӣ, дар вилояти Суғд ҳаво абрноки тағйирёбанда шуда, шамол аз самти шарқ бо гузариш ба самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 4-1 дараҷа сард ва рӯзона 7-12 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар вилояти Хатлон ҳаво абрнок гашта, шамол аз самти шарқ 2-7  метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо ҳаво шабона 2-3 ва рӯзона 12-17 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи камабр шуда, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борон ва барф пешгӯӣ карда мешавад. Шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  шабона 3-2 ва рӯзона 11-16 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво шабона 1-3 дараҷа сард ва рӯзона 11 — 13 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Февраль 12, 2018 10:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд