ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои номусоид ва пастшавии ҳарорат дар назар аст
ДУШАНБЕ, 02.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳавои номусоид, пастшавии ҳарорат, дар баъзе ноҳияҳо боридани барф ва фаромадани туман дар назар дошта шудааст.
Имрӯз, 2 феврал дар вилояти Суғд ҳаво камабри тағйирёбанда шуда, танҳо охири рӯз боридани барф пешбинӣ карда мешавад. Шамол аз самти ғарб 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 4-9 дараҷа сард ва рӯзона 4-9 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Ба иттилои Агентӣ, ҳаво дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тағйирёбанда шуда, дар ғарби вилоят шабона 10-15 дараҷа хунук ва рӯзона 4-1 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар шарқи ин вилоят ҳаво шабона 19-24 ва рӯзона 7-12 дараҷа сард мегардад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво абрнок гашта, фаромадани туман дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти ғарб 4-9 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо ҳаво шабона 2-7 дараҷа сард ва рӯзона 2-8 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи камабр шуда, танҳо охирҳои рӯз боридани барф ва фаромадани туман пешгӯӣ карда мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 2-7 дараҷа сард ва рӯзона 4-9 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳаво абрноки тағйирёбанда шуда, дар баъзе ҷойҳо фаромадани туман дар назар аст. Ҳаво шабона 3-5 дараҷа сард ва рӯзона 6-8 дараҷа гарм хоҳад шуд.








Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ






