ОБУ ҲАВО: то охири ҳафта дар Тоҷикистон ҳавои камабри тағйирёбанда боқӣ мемонад

Февраль 7, 2018 08:52

ДУШАНБЕ, 07.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳавои камабри тағйирёбанда пешгӯӣ карда мешавад.

Имрӯз, 7 феврал дар вилояти Суғд ҳаво камабри тағйирёбанда шуда, шамол аз самти шарқ 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 5-10 дараҷа сард ва рӯзона 3-2 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Ба иттилои Агентӣ, ҳаво дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон абрноки тағйирёбанда мешавад. Дар ғарби вилоят шабона 9-14 дараҷа сард ва рӯзона 4-1 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар шарқи ин вилоят ҳаво шабона 19-24 ва рӯзона 8-13 дараҷа сард мегардад.

Дар вилояти Хатлон ҳаво абрнок гашта, шамол аз самти шарқ 3-8 ва дар баъзе ҷойҳо то 15-20 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо ҳаво шабона 3-2 дараҷа ва рӯзона 7-12 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи камабр шуда,  дар баъзе ҷойҳо барфи кӯтоҳмуддат дар назар аст. Дар водиҳо шабона 1-6 дараҷа сард ва рӯзона 7-12 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки тағйирёбанда дар назар аст. Ҳаво шабона 1-3 дараҷа сард ва рӯзона 9-11 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Ба иттилои Агентӣ, ин гуна вазъи обу ҳаво то охири ҳафта идома хоҳад ёфт.

Февраль 7, 2018 08:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд