Озарбойҷон омода аст барои донишҷӯёни Тоҷикистон квота ҷудо намояд
ДУШАНБЕ, 07.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Низоми таълиму тадрис дар муассисаҳои таълимии Тоҷикистон ва Озарбойҷон ба ҳам монандӣ дорад. Ин матлаб дирӯз зимни вохӯрии Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Гасан Дилсузоғлу Мамедзаде оид ба ҳамкории дуҷониба дар самти маориф ва илм мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Вазорати мазкур хабар доданд, Н.Саид оид ба зинаҳои таҳсилот дар мамлакат маълумот дода, иброз дошт, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша омодаи ҳамкорӣ ва тақвияту вусъат ёфтани робитаҳои дуҷониба бо дигар ҷумҳуриҳо мебошад.
Ҳамзамон Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Гасан Дилсузоғлу Мамедзаде вобаста ба низоми маорифи Ҷумҳурии Озарбойҷон иттилоъ дода, гуфт, ки ҷиҳати тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва илм квотаҳои муштарак таъсис дода шаванд. Ба иттилои Сафир, Озарбойҷон омода аст дар самти тайёр намудани мутахассисони соҳаҳои нафту газ, ихтисосҳои техникӣ, авиатсия ва дипломатия барои донишҷӯёни Ҷумҳурии Тоҷикистон квота ҷудо намояд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд






