Парлумони Тоҷикистон Шартномаи шарикии стратегии байни Тоҷикистон ва Туркманистонро баррасӣ намуд
ДУШАНБЕ, 26.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Шартнома дар бораи шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон 26 феврал дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон таҳти раёсати Раиси палатаи поёнии Парлумони мамлакат Шукурҷон Зуҳуров баррасӣ шуд.
Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Олимҷон Салимзода масъалаи мазкурро дар назди вакилон тавзеҳ дод. Зикр шуд, ки ин санад бо назардошти умумияти таърихию фарҳангии халқҳои Тоҷикистон ва Туркманистон ва бар асоси эътирофи тарафайну эҳтироми ҳуқуқҳои истиқлолияти ҳар як давлат дар амалӣ намудани сиёсати хориҷӣ ба имзо расонида шудааст. Санади мазкур ба таҳкими иқтидори ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон мусоидат менамояд.
Дар ҷаласа таъкид шуд, ки бо розигии мутақобила Тарафҳо метавонанд ба Шартнома тағйиру иловаҳо ворид намоянд. Тарафҳо мақоми бетарафии доимии Туркманистон ва сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро эҳтирому дастгирӣ намуда, эътимоди муштарак ва ҳамкории мутақобили стратегиро дар соҳаи сиёсати байналмилалӣ ҳамаҷониба таҳким мебахшанд.
Мавриди зикр аст, ки санади мазкур зимни сафари расмии Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммедов ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи ноябри соли 2017 сурат гирифта буд, ба имзо расонида шудааст.








Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд
ТАҶАЛЛИБАХШИ НИГИНИ ТОҶИ МИЛЛАТ. Андешаҳо дар мавриди арҷгузорӣ ба Зан-Модар
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Данғара ҷаласаи Комиссияи ҳудудӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон доир гардид
Ширкати «Париматч Тоҷикистон» ва КМВА Душанбе созишномаи ҳамкориро тамдид намуданд
Ajoyib.TV: шабакаҳои телевизионӣ ва онлайн-кинотеатрҳо дар як хизматрасонӣ
ЛИБОСИ МИЛЛӢ — ОИНАИ ФАРҲАНГ ВА ҲУВИЯТИ МИЛЛАТ. Дар Душанбе либосҳои тоҷикиро тарғиб менамоянд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Бахшида ба Рӯзи Модар дар ноҳияи Рӯдакӣ ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борон меборад
БАҲОРИ ГУЛРЕЗИ ТОҶИКИСТОН. Барои кишоварзон мавсими кишту кор фаро расид
НУҚТАИ НАЗАР. Ва ё нонреза ҳам нон аст






