Пешвои миллат: «Давлату Ҳукумат ва мардуми шарифи Тоҷикистон фидокориву ҷонбозиҳои афсарону сарбозони шуҷои Ватанро ҳаргиз фаромӯш намекунанд»

Февраль 23, 2018 13:13

ДУШАНБЕ, 23.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Зимни   суханронӣ дар  маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 25-солагии таъсиси  Қувваҳои Мусаллаҳ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти  мамлакат Эмомалӣ Раҳмон  аз  марҳилаҳои тайнамудаи артиш  дар солҳои душвори  мамлакат  ёдоварӣ карданд.

Роҳбари давлат, аз ҷумла,  чунин  иброз доштанд: «Ҳаждаҳуми декабри соли 1992 фармони Раёсати Шӯрои Олӣ дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид.

Ҳукумати мамлакат бо вуҷуди мушкилоти сахту сангини иқтисодиву молиявӣ ҳанӯз аз нахустин рӯзҳои таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ ба таҷдиду навсозии инфрасохтор ва таъсиси ҷузъу томҳои махсус эътибори аввалиндараҷа дода, дар баробари омодасозии мутахассисони соҳа, ба ташкили воҳидҳои алоҳида ва таъминоти онҳо бо техникаву муҳимот ва таҷҳизоти муосир шурӯъ намуд.

Ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ дар солҳои душвори мухолифати дохилӣ қарзи ватандории хешро содиқона иҷро карда, дар роҳи барқарор намудани сохти конститутсионӣ ва ба эътидол овардани вазъият дар мамлакат  саҳми арзишманд гузошт.

Ҷангу нооромӣ, вазъи мураккаби сиёсӣ, касодии иқтисодӣ, набудани техника ва силоҳу муҳимоти ҷангӣ, озуқаворӣ, либосворӣ ва муҳимтар аз ҳама, нарасидани кадрҳои соҳибихтисос аз ҷумлаи мушкилоте буданд, ки дар он айёми басо ҳассосу тақдирсоз ҳар лаҳза эҳсос мешуданд. Дар чунин шароити бисёр душвор мо бо итминони қавӣ ба азму иродаи мардуми кишвар ба бунёди Артиши миллӣ шурӯъ намудем ва 23 феврали соли 1993 аввалин расми гузашти низомии афсарону сарбозони содиқи Ватан доир гардид.

«Артиши миллӣ дар муддати бисту панҷ сол ва хусусан, тайи солҳои аввали таъсиси худ дар муборизаҳои шадид ва набардҳои сангини ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ташаккул ва обутоб ёфт.

Ба шарофати далериву шуҷоат ва фидокориву ҷоннисориҳои хизматчиёни ҳарбӣ — фарзандони бонангу номуси Ватан дар давлати  азизамон ҳокимияти қонунӣ барқарор гардида, барои сулҳу суботи устувор заминаи мустаҳкам фароҳам оварда шуд.

Дар даврони муқовиматҳои мусаллаҳона ва саркӯб намудани ошӯбҳои исёнгаронаи хоинону душманони миллати тоҷик ҳазорон нафар хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ҷони худро аз даст доданд», — иброз доштанд Сарвари давлат дар тақвияти гуфтаҳои мазкур.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон  таъкид намуданд, ки Давлату Ҳукумат ва мардуми шарифи Тоҷикистон фидокориву ҷонбозиҳои афсарону сарбозони шуҷои Ватанро ҳаргиз фаромӯш намекунанд ва хотираи неки ҷавонмардонеро, ки барои барқарор намудани сохти конститутсионӣ, пойдории сулҳу субот, ҳимояи марзу буми Ватан ва ҳифзи зиндагии орому осоиштаи сокинони мамлакат ҷони худро нисор кардаанд, ҳамеша пос медоранд.

 

Февраль 23, 2018 13:13

Хабарҳои дигари ин бахш

ФУТБОЛ. Дастаҳои асосӣ ва ҷавонони «Вахш» бо медалҳои нуқра ва биринҷӣ мукофотонида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Тарофаи мобилӣ – мувофиқи талаботи шахсии шумо
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
12 феврал дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии пешгирии экстремизми хушунатомез дар шаҳри Турсунзода ҳамоиш баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии занон ва духтарон дар соҳаи илм конфронси байналмилалӣ доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳои Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар шаҳри Бӯстон трансформатори муосир насб гардид