Президенти мамлакат: «Кумитаи миллии олимпӣ федератсияҳои варзиширо аз аккредитатсияи давлатӣ гузаронад»
ДУШАНБЕ, 14.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. «Дар ҳоле, ки мо барои аксари навъҳои варзиш шароити мусоид ва толорҳои муосиру муҷаҳҳаз ба истифода додаем, дар баъзе навъҳои варзиш ягон дастоварди назаррас надорем. Дар толорҳо машқу тамрин бо низоми муайян ба роҳ монда нашудааст ва онҳо самаранок истифода намегарданд», — изҳори нигаронӣ карданд имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Президенти Кумитаи миллии олимпӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар ҷаласаи Ассамблеяи генералии Кумитаи миллии олимпӣ ва мулоқот бо масъулини соҳаи варзиш.
Роҳбари давлат ҳамчунин доир ба дигар камбудиҳои ҷойдошта дар фаъолияти федератсияҳои варзишӣ, ки асосан ташкилоти ҷамъиятӣ буда, бо мақсади оммавӣ гардонидан ва инкишоф додани як ё якчанд намуди варзиш, инчунин ташкил ва гузаронидани мусобиқаҳои варзишӣ ва тайёр кардани дастаҳои мунтахаб таъсис дода шудаанд, ибрози андеша намуданд.
Президенти мамлакат, аз ҷумла, зикр намуданд, ки мутаассифона, аксари федератсияҳои варзишӣ дорои сохтори мукаммал набуда, дар онҳо мутахассисон намерасанд, ҳатто утоқи корӣ надоранд. Роҳбарони баъзе аз онҳо камфаъолият буда, дар ихтиёри худ ягон иншооти варзишӣ надоранд ва маоши кормандони худро сари вақт пардохта наметавонанд. Як қисми федератсияҳои варзишӣ дар доираи гурӯҳи хурди ҳамфикрон таъсис ёфта, нақши онҳо дар пешрафту оммавӣ гардонидани намудҳои варзиш назаррас нест. Аксари федератсияҳо корманди штатӣ ва сохтори муайяни корӣ надоранд, кормандони баъзеи онҳо аз суроға ва фаъолияти федератсияҳои худ дуруст огоҳ нестанд.
Аз 52 федератсияи варзишии амалкунанда танҳо 16 федератсия ба талаботи аккредитатсияи давлатӣ ҷавобгӯ мебошад.
«Бинобар ин, вақти он расидааст, ки фаъолияти федератсияҳои варзишӣ ҳамаҷониба санҷида, ҷиҳати аз аккредитатсияи давлатӣ гузаронидани онҳо тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд. Аз ин рӯ, ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва Кумитаи миллии олимпӣ супориш дода мешавад, ки барои тақвияти фаъолияти федератсияҳои варзишӣ чораҷӯӣ карда, дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 октябри соли 2015 ҳамаи федератсияҳои варзиширо аз аккредитатсияи давлатӣ гузаронанд», — супориш доданд Сарвари давлат ба масъулини соҳа.








«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Таҳти ин унвон фестивали байналмилалӣ доир мегардад
«МегаФон Life»: замимае, ки ба он эътимод доранд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«АСРИ ЗАРРИН»-И ТАЪРИХИ ТОҶИКОН. Замони давлатдории Сомониёнро муҳаққиқони илми таърих чунин ном гузоштаанд
Зуд, мувофиқ, осон: чат-боти «Доно» ба муштариён чӣ тавр кумак мерасонад
Дар Панҷакент филиали Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид






