«Публитсистика дар замони истиқлол»-ҳамоиш дар Академияи ВАО-и Тоҷикистон

Февраль 9, 2018 14:50

ДУШАНБЕ, 09.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. «Публитсистика дар замони истиқлол»- таҳти чунин унвон  имрӯз дар  Муассисаи давлатии «Академияи ВАО-и Тоҷикистон» ҳамоиши илмӣ баргузор гардид. Дар он  мушвири Бахши Ёрдамчии ПрезидентиҶумҳурии Тоҷикистон оид бо рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа профессор Масрур Абдулло,  донишмандони соҳа, собиқадорони матбуот, намояндагони ВАО-и чопию электронӣ  ва донишҷӯёни факултаҳои рӯзноманигории донишгоҳҳои  ҷумҳурӣ иштирок намуданд.

Директори Академияи ВАО-и Тоҷикистон, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зинатуллоҳ Исмоилзода зикр намуд, ки дар даврони истиқлолияти давлатӣ  барои пешрафти рӯзноманигории тоҷик заминаҳои бештар ба вуҷуд омаданд. Профессор Мурод Муродӣ дар мавзӯи «Нигоҳе ба публитсистикаи замони муосир» маърӯза намуд.

Ҳамзамон дар ҳамоиш доир ба мавзӯъҳои «Публитсистикаи сиёсӣ ҳамчун як навъи эҷод», «Оҳанги замон дар публитсистикаи Асадулло Саъдуллоев», «Публитсистикаи устод С.Айнӣ дар рӯзномаи «Овози тоҷик» , «Чанд шинохти назми публитсистӣ», «Рӯҳи замон дар назми Давлат Сафар», «Устод С.Айнӣ дар бораи китоби  «Таърихи мухтасари халқи тоҷик», «Публитсистика ва филми мустанад», «Тасвири корнамоиҳои Пешвои миллат дар асарҳои алоҳидаи публитсистӣ» ва «Маҳорати адиб дар тасвири рӯҳи иҷтимоӣ» пешниҳод шуданд.

Аз Академияи ВАО-и Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» итилоъ доданд, ки маводи  ҳамоиш дар шакли маҷмӯа барои намояндагони воситаҳои ахбори омма ва таҳқиқгарони соҳа ба чоп мерасанд.

Маврид ба зикр аст, ки Муассисаи давлатии «Академияи ВАО-и Тоҷикистон»   моҳи марти соли 2016 ба фаъолият оғоз карда, ҳадафи он такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии кормандони  ВАО-и ҷумҳурӣ мебошад.

 

 

 

Февраль 9, 2018 14:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд